Биофи́зика (аз юн.-қад. βίος — зист, юн.-қад. φύσις — табиат), физикаи биологӣ, зистфизик — илмест, ки равандҳои физикавӣ ва физикавиву кимиёии организм, инчунин, ултрасохтори силсилаҳои биологиро дар ҳамаи давраҳои ташаккулашон меомӯзад. Инкишофи Биофизика ба ривоҷи физика, кимиё, математика, биология, кибернетика, биологияи молекулавӣ, биокимиё ва дигар илмҳо вобаста аст.

Биофизика ба соҳаҳои зерин ҷудо мешавад: Биофизикаи молекулавӣ (хосияти физикавӣ ва физикавию кимиёии макромолекула ва маҷмаи молекулавии организмҳои зиндаро таҳқиқ менамояд); Биофизикаи ҳуҷайра (асосҳои физикавӣ ва физикавию кимиёии ҳуҷайра, алоқаи сохти молекулавии мембранаҳо ва ташкилаҳои ҳуҷайравӣ, энергетика ва термодинамикаи равандҳои ҳуҷайравиро меомӯзад); Биофизика идора ва танзим (масоили таҳқиқ ва тарзи алоқаи дохилии усулҳои идораи организмҳо ва табиати физикавии онҳо, инчунин, таҳқиқи мабдаи зиндаро дар доираи организми том дар бар мегирад). Доираи таҳқиқи Биофизика хеле васеъ буда, масоили таъсири омилҳои физикавӣ ба организм, нуфузи биологии афканишоти ионнок (Биофизикаи радиатсионӣ), таҳлили физикавии аъзои ҳис — оптикаи чашм, узвҳои ҳаракат, нафаскашӣ, гардиши хун (Биофизикаи тиббӣ), чандирии бофтаҳо ва ғ. мавриди пажӯҳиши он қарор гирифтаанд. Дарёфти усулҳои физикавии таҳқиқи сохторҳои биологӣ (аз макромолекула то организми том) ҳам аз масоили муҳимми Биофизика ҳисоб меёбад. Ба масъалаҳои асосии назарӣ ва амалии Биофизика мансубанд: бадалу тақсими энергия дар сохторҳои биологӣ; омӯзиши аҳаммияти сохти субмикроскопӣ дар раванди фаъолияти ҳаётӣ; муайян кардани бузургиҳои физикавӣ ва физикавию кимиёии мавҷудоти зинда (иқтидори нерӯи барқ дар ҳуҷайра, градиенти ионӣ, фаъолияти оптикӣ ва ғайра); механизми тадохули ҳуҷайраву бофта (истеъмол, таъсири фармакологии дору ва моддаҳои заҳрнок); механизми равандҳои фотобиологӣ (фотосинтез, реаксияҳои фототанзимӣ); равандҳои физикавию кимиёвии нигаҳдошт, институтиқол ва татбиқи ахбори генетикӣ ва ғ. Феълан масоили марбута дар организми зинда мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Таҳқиқоти алоҳида оид ба Биофизика аз садаи 17 ибтидо мегиранд. Аз ҷумла, дар ин давра олими фаронсавӣ Р. Декард ба ҷисми одам чун мошини мураккаб назар карда, оид ба фаъолияти узвҳои ҳис чанд асар таълиф намуд. Профессори. Унти Петербург Л. Эйлер аввалин шуда ҳаракати хунро дар рагҳои хунгард бо роҳи математикӣ муайян кард. Олими итолиёӣ Л. Галвани мавҷудияти қувваи барқро дар ҳайвонот исбот намуд.

Биофизика ҳамчун илм аз нимаи якуми садаи 19 ташаккул ёфт. Нимаи дувуми садаи 19 олимони олмонӣ Г. Гелмголс ва В. Вунд қонунияти асосии акустика ва оптикаи физиологиро баён намуданд. Таҳқиқоти Г. Гелмголс, Э. Дюбуа Реймон, Д. Бернштейн ва диг. ба тасаввурот оид ба механизми пайдоиши нерӯҳои барқӣ дар бофтаҳо ва густариши ангезиш дар силсилаи асаб замина гузошт. Аҳаммияти таркиби ионӣ ва реаксияи муҳит дар ҳаёти ҳуҷайраву бофтаҳо дар пажӯҳишҳои олимони амрикоӣ Ж. Лёба, олмонӣ В. Нернст ва Р. Гебер муқаррар гашт. Олими рус И. М. Сеченов охири садаи 19 қонунияти дар хун ҳал шудани газҳо ва биомеханикаи ҳаракатро таҳқиқ намуд. Соли 1903 К. А. Тимирязев фаъолияти фотосинтезии қисмҳои алоҳидаи спектри офтобро омӯхт. Солҳои 1905-15 Н. К. Колтсов оид ба мавқеи омилҳои физикавию кимиёӣ (кашиши сатҳӣ, тамаркузи ионҳои гидроген, катионҳо) дар ҳуҷайра пажӯҳиш анҷом дод. Умуман, то солҳои 20 садаи 20 дар соҳаи Биофизика бисёр таҳқиқоти назаррас, ки бо истифодаи ғояву усулҳои физикавӣ ва физикавию кимиёӣ сурат гирифтаанд (омӯзиши ҳаракат, узвҳои сомеа ва босира, фотосинтез, тарзи тақвияти нерӯи ҳаракатовари барқӣ дар асабу мушакҳо, аҳаммияти ионҳо барои фаъолияти ҳуҷайраву бофтаҳо ва ғайра), гузаронда шуданд.

Пажӯҳишҳои биофизикӣ дар Тоҷикистон, асосан баъди ҶБВ (1941-45) оғоз ёфтанд. Бунгоҳи биологии Помир соли 1944 ба омӯзиши фотосинтез шурӯъ намуд. Солҳои 1947-49 дар кафедраи физиологияи эътидолии УДТ оид ба таҳлили таъсири омилҳои ҷудогонаи муҳит ба организми одам дар шароити баландкӯҳ тадқиқот карда шуд. Пажӯҳишҳои биофизикавӣ дар ҷумҳурӣ аз аввали. соли 1960 авҷ гирифтанд. Олимони Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳо тарзи таъсири мутагенезии афканишоти иондор, радиатсияи ултрабунафш ва нурҳои лазерӣ, силсилаи хосиятҳои пигментии дастгоҳи фотосинтези рустанӣ, ташаккули хлоропластҳо ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор доданд. Таҳти роҳбарии акад. Ю. С. Носиров таъсири радиатсионӣ ва иқлими ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистонро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки дар манотиқи ҷанубии ҷумҳурӣ дар фасли зимистон низ метавон ба зироаткрӣ машғул шуд. Дар лаби таҳқиқоти тиббию биологӣ дар шароити баландкӯҳи Шуъбаи муҳофизат ва истифодаи босамари захираҳои табиии АИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНдар ҳамкорӣ бо олимони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсири маҷмаи физикавии иқлими баландкӯҳ ба организми одам таҳқиқ гашт. Натиҷаҳои таҳқиқот дар «Маърӯзаҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маҷмӯаҳои со­ҳавӣ нашр мешаванд.

Адабиёт

вироиш
  • Пасынский А. Г. Биофизическая химия. М., 1963;
  • Ахмедов К. Ю., Лоренц О. Г., Медник Г. Л. Развитие медицинской науки в Таджикистане. Д., 1967;
  • Губанов Н. И. Медицинская биофизика. М., 1978;
  • Волькенштейн М. В. Биофизика. М., 1981;
  • Гиллер Ю. Е., Егибеков П. Е., Раҳмихудоев Г. Биофизика. Д., 1990.

Сарчашма

вироиш