Биплан — тайёраест бо ду қаноти ҳаракатдиҳанда, ки болои ҳам ҷойгир шудаанд.

Биплан

Чунин ҷойгиршавии қанотҳо барои зиёд кардани масоҳ. умумӣ ва қувваи болобардор дар ҳолати кам будани парзании қанот имкон медиҳад. Ба Биплан нисбат ба моноплан барои парвозу фурӯдойӣ хатти дави кӯтоҳтар лозим аст. Вале муқовимати аэродинамикии он бузургтар мебошад. Ғайр аз ин, қаноти тайёраҳо, одатан, аз чӯб сохта, бо матоъ печонида мешуданд. Бинобар мустаҳкам набудани чунин қанотҳо масоҳ. онҳоро калон кардан ё муҳаррики пурқувват гузоштан мумкин набуд. Тадриҷан солҳои 30 садаи 20 ба ҷойи тайёраҳои чӯбӣ монопланҳои филиззии нисбатан мустаҳкам сохта шуданд. Бародарон Райт бори аввал соли 1903 бо дастгоҳи «Флайер-1» парвоз карданд. Дар ҳолати аз қаноти боло хурдтар будани қаноти поин онро «якунимплан» меноманд. Бипланҳое, ки қанотҳояшон болои ҳам ҷойгир нестанд, «Биплантандем» ном доранд (Масалан самолёти Бёрт Рутан «Квики»). Яке аз бипланҳо (якунимпланҳо)-и маъмул дар Ҷумҳурии Тоҷикистонтайёраи Ан-2 («кукурузник») буд, ки дар хоҷагии халқ васеъ истифода мешуд.

Адабиёт

вироиш
  • Черный Г. Г. Газовая динамика. М., 1988;
  • Шавров В. Б. История конструкций самолетов в СССР 1938—1950 годов. М., 1988;
  • П. Бауэрс. Летательные аппараты нетрадиционных схем. М., 1991.

Сарчашма

вироиш