Бири́нҷ, гурунҷ, гуринҷ, гуранҷ — маҳсулоти хӯрокии маъмул. Биринҷро аз шолии тухмӣ (Oryza sativa) мегиранд.

Таркиб

вироиш

Дар таркиби Биринҷ. карбогидратҳо, сафеда, равған, насҷ (клечатка), оҳар, хокистар, моддаҳои пектинӣ, аминокислотаҳо, витаминҳои Е, В1, В2, В6, В15 ва микроунсурҳо мавҷуд мебошанд. Аз рӯйи шакл 3 навъи Биринҷ маълум аст: дарозрӯяи паҳн, дарозрӯяи борики тунук, гирда. Биринҷҳои дарозрӯяи паҳн ва дарозрӯяи борики тунук шаффофу ношаффоф, Биринҷи гирда шаффофу ношаффоф ва гарднок мешаванд. Сифати Биринҷро дар асоси дараҷаи намнокӣ, миқдори омехтаҳо ва дигар. нишонаҳо муайян мекунанд. Биринҷ ба ҳисоби миёна, 14 % об, 75,2 % карбогидрат (асосан крахмал), 7,7 % сафеда, 0,4 % равған, 2,2 % клетчатка ва 0,5 % хокистар дорад.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни Биринҷ аз ҷумла, девзира, оқпар, ҷойдорӣ, миёнколӣ, сурх ва ғ. маълуманд. Аз Биринҷ. таомҳои гуногун — палав, ширбиринҷ, шавла, мастоба, кичирӣ ва ғ. мепазанд, орду оҳар истеҳсол мекунанд.

Дар тибб

вироиш

Дар тибби қадим Биринҷро ба сифати ғизои парҳезӣ ва даво истифода мебурданд. Биринҷ меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид аст, бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷидакро меравонад. Дар китоби «Махзануладвия» омадааст, ки Биринҷ хосияти хуби хобоварӣ дорад, ташнагиро мешиканад, исҳолро бозмедорад, ҷисмро фарбеҳ мекунад, ҳангоми иллати гурдаву масона муфид аст. Истеъмоли Биринҷ дар таом ба ранги рӯй тароват мебахшад.

 

Табибони халқӣ ҷӯшидаи омехтаи Биринҷ ва лӯбиёро барои муолиҷаи бронхит ва диққи нафас истифода мебаранд. Биринҷ шири синаро зиёд мекунад. Ҷӯшидаи он барои муолиҷаи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима муфид буда, дар омех­тагӣ бо пудинаву пиёз чун давои арақовар, подзаҳр ва табшикан дар мавриди зуком ва илтиҳоби шуш нафъ дорад.

Агар Биринҷро бо шакар бихӯранд, қувваташ бисёр мегардад, боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад; бо шири навдӯшида бихӯранд, исҳолро мебандад. Истеъмоли Биринҷ ба касоне, ки иллати қулинҷ доранд, бад аст. Биринҷро бихӯранд, захмро пок месозад ва дар он гӯшти солим мерӯёнад. Бинобар чунин хислатҳояш барои бемории сил фоида дорад. Биринҷро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бо почаи буз ё гӯсфанд пухта бихӯранд, барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва омадани хун дар пешоб нафъи бисёр дорад. Ордашро бо чарбиҳо сиришта банданд, пучакро мекафонад; бо равғани гурдаи буз пухта бихӯранд, аз ҳад зиёд рафтани даруни беморонро ба ислоҳ меорад.

Дар тибби муосир Биринҷ. ва шӯлаҳои гуногуни биринҷиро ҳамчун ғизои парҳезӣ васеъ ба кор мебаранд. Ҷӯшидаи Биринҷ. барои муолиҷаи дарунрав истифода мешавад. Чиниён сабӯси Биринҷро давои бемории бери-бери мешуморанд. Равғани сабӯси Биринҷ воситаи хуби пардозгарист.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш