Бирмингем (Алабама)
Би́рмингем (англ. Birmingham [ˈbɜrmɪŋhæm]) — шаҳр дар иёлати Алабамаи ИМА, дар доманакӯҳи Аппалачи ва водии Ҷоунс.
Шаҳр | |||
англ. Birmingham | |||
|
|||
33°31′ с. ш. 86°49′ з. д.HGЯO | |||
Кишвар | ИМА | ||
Роҳбар | Randall Woodfin[d][1] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1871 | ||
Масоҳат | |||
Баландии марказ | 187 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC−06:00[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 205 | ||
Нишонаи почта | 35201 | ||
birminghamal.gov | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳолиаш бо атрофи он 1 млн нафар (2010), 74 дарсади аҳолӣ — африқоиҳои Амрико. Бандари дарёи Блэк Уориор бо силсилаи дарёии Теннеси-Томбигби ва бандари баҳрии халиҷи Мексика пайваст аст.
Дар миёнаи садаи 19 маркази филиззкори (металлургия)-и сиёҳ (истеҳсоли чӯян), истихроҷи маъдани оҳан ва оҳаксанг буд. Ҳамчун шаҳр с. 1871 бунёд гардидааст. Соли 1899 ба маркази бузургтарини филиззкории ИМА табдил ёфта («Питсбурги Ҷанубӣ»), соли 1960 мошинасозӣ рушд кард. Айни замон Бирмингем. маркази муҳимми нақлиётӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангии мамлакат аст. Истеҳсоли тайёра, таҷҳизоти р. о., автомобил ва лӯлаҳо ривоҷ ёфтааст. Саноати низомӣ, кимиё, матоъҳои пахтагӣ ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бирмингем. Донишгоҳи Сэмфорд (1841) ва филиали (кампус) Донишгоҳи Алабама, осорхонаи санъат, калисои Сант-Баптист, Боғи истироҳатии Келли-Ингрэм, боғи ҳайвонот воқеанд. Муҷассамаи 17-метраи Худои оташи юнониҳо — Вулкан ҳамчун рамзи соҳаи филиззкории шаҳр дар баландии Ред-Маунтин қомат афрохтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://www.birminghamalcitycouncil.org/?s=mayor
- ↑ United States. Bureau of the Census 2016 U.S. Gazetteer Files (ингл.) — Washington, D.C.: U.S. Census Bureau, 2016.
- ↑ Перепись населения США 2020 года
- ↑ 4.0 4.1 https://data.census.gov/cedsci/table?t=Populations%20and%20People&g=0100000US,%241600000&y=2020 / зери таҳрири Бюрои барӯйхатгирии аҳолии ИМА
Сарчашма
вироиш- Бирмингем // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
вироиш- Бирмингем / Л. В. Смирнягин // «Банкетная кампания» 1904 — Большой Иргиз. — М. : Большая российская энциклопедия, 2005. — С. 551. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 3). — ISBN 5-85270-331-1.
- Официальный сайт города(англ.)
- Вики-сайт о Бирмингеме(англ.)