Низомуддин Абдулъалӣ ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Бирҷандӣ (форсӣ: عبدعلی محمد بن حسین بیرجندی‎, ?, Бирҷанд, Эрон — 1528) — риёзидон, мунаҷҷим ва фақеҳи форс-тоҷик, ки бо тахал­лусҳои «Фозили Бирҷандӣ» ва «Муҳаққиқи Бирҷандӣ» машҳур аст.

Низомуддин Абдулалӣ ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Бирҷандӣ
форсӣ: عبدعلی محمد بن حسین بیرجندی
Таърихи таваллуд асри XV
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1528
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар Исфаҳон дар дарбори шоҳи сафавӣ Таҳмосби I (1514—1576) фаъолият кардааст. Бирҷандӣ илми ҳадисро дар назди Хоҷа Ғиёсиддини Кошонӣ, фанҳои ҳукмиро дар назди Мансур ибни Муинаддини Кошӣ ва дигар илмҳоро назди Камолиддини Қунавӣ омӯхтааст. Амин Аҳмади Розӣ Бирҷандиро бо унвони «Ҷомеъи улуми маъқул ва манқул» ёд карда, менависад, ки ӯ барои авлоди худ тақвими ҳаштодсола тартиб дода буд.

Осори Бирҷандӣ иборат аст аз:

  1. «Абъод ва аҷром» («Масофа ва ҷирмҳо») — дар бораи масофа ва масоҳ. Замин ва баъзе масъалаҳои нуҷум. Яке аз нусхаҳои ин асар дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳти № 674 маҳфуз аст;
  2. «Устурлоб». Ин асар дар ҷамодулаввали с. 900 ҳ. қ. (февр. 1495) навишта шуда, дар бораи сохт ва истифодаи ин асбоб дар андозакуниҳои нуҷумӣ мебошад;
  3. «Бист боб дар маърифати тақвим» дар солшуморӣ, тақвим ва аҳкоми нуҷум буда, с. 883 ҳ. қ. (1478) навишта шудааст;
  4. Тарҷумаи «Тақвимулбулдон»-и Абулфидо. Ин тарҷума дар с. 927 ҳ. қ. (1521) ба охир расонда шудааст;
  5. «ал-Ҳошия ало Шарҳилмулаххас» (Эзоҳ бар «Шарҳулмулаххас») пас аз с. 921 ҳ. қ. (1515) таълиф шуда, эзоҳ бар шарҳи арабие мебошад, ки Қозизодаи Румӣ дар с. 813 ҳ. қ. (1410) ба рисолаи «ал-Мулаххас фӣлҳайат»-и Чағминӣ навиштааст;
  6. «Рисола дар ҳайат». Нусхаҳои ин рисола дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳти № 242, 471/3, 674 маҳфузанд;
  7. «Рисола фӣ олотиррасад» («Рисола дар бораи олоти мушоҳида»);
  8. «Кишоварзинома», ки бо номҳои «Фанни кишту заррот», «Рисола дар фалоҳат ва иршодуззироат» низ ёд мешавад ва 12 боб дорад;
  9. «Шарҳу одобулмунозира» («Шарҳи одоби мунозира»), рисола дар илми мантиқ, ки дар с. 930 ҳ. қ. (1524) таълиф шуда, шарҳ бар «Рисолатун одобулмунозира»-и Қозӣ Азуддуддини Яҷӣ (ваф. 1355) аст;
  10. «Шарҳи бист боб дар маърифати устурлоб», ки с. 899 ҳ. қ. (1494) таълиф шуда, шарҳ бар рисолаи Хоҷа Насируддини Тусӣ аст (ниг. «Бист боб дар маърифати устурлоб»);
  11. «Шарҳуттазкиратун ан-Насирийа филҳайат» («Шарҳ ба тазкираи Насирия оид ба ҳайат»), ки с. 913 ҳ. қ. (1507) таълиф шуда, шарҳ бар «Тазкиратун аннасирийа фӣлҳайат»-и Хоҷа Насируддини Тусӣ аст;
  12. «Шарҳуддуррун-назим фӣ хавосил-Қуръони-л-карим», шарҳ бар рисолаи «Ад-дурр-ун-назим фӣ хавос-ил-Қуръони-л-азим»-и Абдуллоҳ ибни Асади Ёфиъӣ, ки с. 921 ҳ. қ. (1515) навишта шудааст;
  13. Шарҳи «Зиҷи ҷадиди султонӣ», ки с. 929 ҳ. қ. (1523) таълиф шуда, бо номҳои «Шарҳи зиҷи Улуғбек» ва «Шарҳи муфассали зиҷи султонӣ» низ ёд мешавад;
  14. «Шарҳ аш-Шамсия», ки с. 924 ҳ. қ. (1518) таълиф шуда, шарҳ бар китоби «аш-Шамсия фи-л-ҳисоб»-и Низом Эраҷи Нишопурӣ дар риёзиёт мебошад;
  15. «Шарҳу-л-фавоид-ил-баҳоия», ки с. 924 ҳ. қ. (1518) таълиф шуда, шарҳ бар «ал-Фавоиду-л-баҳоия фӣ-л-қавоид-ил-ҳисо­бия»-и Имоддадин Абдул­лоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдурразоқи Ҳосиб, маъруф ба Ибни Хавом дар риёзиёт аст;
  16. «Шарҳу-л-Миҷастӣ» ё «Шарҳу таҳриру-л-Миҷас­тӣ», ки с. 921 ҳ. қ. (1515) таълиф шуда, шарҳ бар «Таҳ­риру-л-Миҷастӣ»-и Хоҷа На­сируддини Тусӣ аст. Мирзо Носир ибни Абдуллоҳи Табиб ва Хайруллоҳи Муҳандис бар ин шарҳ ҳошияҳое навиштаанд;
  17. «Шарҳ мухтасару-л-ҳайат», шарҳе бар тарҷумаи арабии Хоҷа Насируддини Тусӣ аз 30 фасл дар сол­шу­морӣ бо номи «Мухтасару-л-ҳайат»;
  18. «ал-Мухтасар фӣ баён олот-ир-расад».

Бирҷандӣ дар «Рисола дар ҳайат» оид ба ёздаҳ намуди тақ­вим­ҳое, ки дар мамолики Шарқ истифода мешуданд, маъ­лумоти муфассал додааст. Соли 1490 дар расадхонаи Ма­роға тамоюли доиратулбуруҷ (эклиптика)-ро андоза карда, қимати 23º30´-ро ба даст овард, ки он аз натиҷаи олимони пешина хеле дақиқтар буд. Дар асоси ин ӯ ҷад­валҳои тамоюли бурҷҳои дувоздаҳгона, баландии (ирти­фоъ) ситораву сайёра, тулӯъ ва ғуруби Офтоб, қимати миёнаи тӯл ва авҷ (апогей)-ро барои меридиани Самар­қанд ва ғ. тартиб дод. Инчунин бо истифода аз усули махсус ҳисо­би баландии ҷирмро аз рӯйи кунҷи соатӣ (t) ва тӯлӣ (А) нишон дода, ҳаракати миёнаи шабонарӯзии Офтобро дақиқ андоза кард (µ=3548,32722). Барҷандӣ. пайрави мактаби илмии Самарқанд буда, пас аз Алии Қушчӣ (1403-74) масъалаи офтобмарказиро тараф­дорӣ кардааст. Ӯ далели (чун далелҳои Галилей) аз тарафи мушоҳидагари дар заминбуда ҳис накардани ҳаракати Заминро овардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Матвиевская Г. П. Учение о числе на средневековом Ближнем и Среднем Востоке. Ташкент, 1967;
  • Матвиевская Г. П., Розеньфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII—XVII вв.), М., 1983;
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. ج۱۳. تهران،۱۳۷۴هـ. ش.

Сарчашма

вироиш