Бист боб дар маърифати тақвим

Унсури холии Викидода

«Бист боб дар маърифати тақвим» — рисолаи риёзидон ва мунаҷҷими форс-тоҷик Низомуддин Абдул­алӣ ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Бирҷандӣ дар солшу­морӣ, тақвим ва аҳкоми нуҷум.

«Бист боб дар маърифати тақвим»-ро муаллиф с. 883 ҳ. қ. (1478) навиштааст; бо номҳои «Мухтасар дар маърифати тақвим» ва «Рисола дар маърифати тақвим» низ ёд мешавад.

Бобҳо вироиш

«Бист боб дар маърифати тақвим» аз чунин бобҳо иборат аст:

  1. «Дар маърифати ҳисоби ҷуммал»
  2. «Дар маърифати айёми асо­беъ ва таърихи машҳур»
  3. «Дар маърифати буруҷ, кавокиб ва тақовими эшон»
  4. «Дар маърифати сайри кавокиб, раҷъат ва истиқомати эшон»
  5. «Дар маъри­фати майли Офтоб, арӯзи кавокиб ва ҷувзаҳароти эшон»
  6. «Дар маърифати соот, ғоити ирти­фоъ, залл ва нисф-ун-наҳор»
  7. «Дар маърифати назар, танозир, муҷосада, интикос, таҳ­вил ва акс»
  8. «Дар маъри­фати шараф, ҳу­бути кавокиб, авҷот ва ҳазизоти эшон»
  9. «Дар маъри­фати толеи иҷти­моъ, истиқбол ва ҷузъи эшон»
  10. «Дар маъри­фати нутоқот, зуҳур, хафои мутаҳаййира ва руъяти аҳла»
  11. «Дар маърифати интиқолоти Қа­мар, мумо­заҷот ва ҳолоти ӯ»
  12. «Дар маърифати манозили Қамар ва сооти буст»
  13. «Дар маърифати авқоти салот ва иртифои самти қиб­ла»
  14. «Дар маърифати таъ­рихи хи­то­иён»
  15. «Дар маъ­­ри­фати завоиде, ки дар тақвим оранд»
  16. «Дар маъри­фати аҳволи буруҷ, арбоби мусалласот, аҳволи кавокиб ва арбоби соот»
  17. «Дар маъри­фати хутути кавокиб»
  18. «Дар маърифати буюти ду­воздаҳ­гона, мадлулоти кавокиб ва мансуботи эшон»
  19. «Дар маъ­рифати аҳволи анзор ва он чи бад-он монад»
  20. «Дар маърифати усуле, ки дар ихтиёрот ба кор ояд»

Дар бобҳои рисола маъ­лумот оид ба тақвимҳо, бурҷ­­ҳо, бурҷҳои дувоздаҳгона, арз ва баландии ситораву сай­ёрагон, ҳодиса ва истилоҳоти нуҷумӣ (сайр, раҷъат, исти­қомат, истиқбол, шараф, ҳубут, авҷ, майл, иртифоъ, таҳ­вил, муҷосада, назар, танозир ва ғайра) оварда шудаанд. Яке аз шарҳҳои машҳур ба ин рисоларо Музаффар ибни Му­ҳаммадқосими Гунободӣ (ваф. пас аз с. 1615) дар с. 1596 навишта ба шоҳ Аббоси I Сафавӣ (1571–1629) тақ­дим кардааст. Нусхаҳои зиёде аз ин рисола дар китоб­хонаҳои Эрон ва кишварҳои дигар мавҷуданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII–XVII вв.). М., 1983;
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج۵.تهران، ۱۳۷۸

Адабиёт вироиш