Бисёррӯя (дар фазои сеандоза), полиэдр — шакли геометриявие, ки аз шумораи муайяни бисёркунҷаҳои ҳамвор ташкил ёфтааст, ки:

  1. ҳар як тарафи бисёркунҷаи дилхоҳ дар як вақт ба бисёркунҷаи ҳамсоя низ тараф мебошад;
  2. аз ҳар як бисёркунҷа ба дигар бисёркунҷаи дилхоҳ гузаштан мумкин аст (аввал ба бисёркунҷаи ҳамсоя, сипас ба ҳамсояи он ва ғайра).
Додекаэдр

Тараф ва қуллаҳои бисёркунҷаҳоро мувофиқан теға ва қуллаҳои бисёррӯя меноманд. Агар бисёррӯя аз ҳамвории рӯяи дилхоҳ дар як тараф воқеъ гардад, бисёррӯя барҷаста номида мешавад (дар ин вақт рӯяҳо низ барҷастаанд). Дар бисёррӯяи барҷаста е + f — k = 2 аст (теоремаи Эйлер), ки ин ҷо е — адади қуллаҳо, f — адади рӯяҳо, k — адади теғаҳоянд. Дар Бисёррӯяи барҷаста агар рӯяҳо аз бисёркунҷаҳои яксони мунтазам иборат ва кунҷҳои бисёррӯяи назди қуллаҳо мунтазам ва ба ҳамдигар баробар бошанд, бисёррӯяро мунтазам меноманд.

5 навъи бисёррӯяи мунтазам мавҷуд аст (расм): тетраэдр (а), куб (б), октаэдр (в), додекаэдр (г), икосаэдр (д).

а б в г д

Агар рӯяҳои бисёррӯяи барҷаста бисёркунҷаҳои ҳарсони мунтазам ва кунҷҳои назди қуллаҳо симметрӣ ё конг­ру­энтӣ бошанд, Бисёррӯя ниммунтазам номида мешавад.

Сарчашма

вироиш