Бисёрҳизбӣ
Бисёрҳизбӣ — фаъолияти воқеии якчанд ҳизбҳои сиёсӣ дар дохили як мамлакат, ки барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ мубориза мебаранд.
Дар ташаккули онҳо омилҳои объективию субъективии ҷомеа нақши муҳим доранд. Дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ҷойгиршавии қувваҳои синфию сиёсӣ, фарҳанги сиёсию анъанаи таърихӣ ва ҳайати миллию минтақавӣ, ҳамчунин, қонуниятҳои ҷорӣ ва институти интихоботӣ дар мамлакат таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Таҷрибаи инкишофи сиёсӣ нишон медиҳад, ки яке аз шартҳои муҳимми ташаккули демократии ҷомеа дар мамлакат вуҷуд доштани низоми бисёрҳизбӣ мебошад, чунки дар чунин мамлакат монополияи яккаҳизбӣ мавҷуд набуда, мухолифин (оппозитсия) ҳам ошкоро фаъолият менамоянд.
Шакли классикии бисёрҳизбӣ дар Дания, Белгия, Недерландия, Австрия ва ғ. вуҷуд дорад. Зимни мубориза ҳеч ҳизб аксариятро дар парламент соҳиб шуда наметавонад ва, аз ин рӯ, баъзе ҳизбҳои наздикандеша дар байни якдигар созиш мебанданд, то коалитсияи аксариятро ба вуҷуд биёранд. Чунин созишҳо дар давраи маъракаҳои институтихоботӣ, парламентӣ ва ҳукуматӣ баста мешаванд. Низоми Бисёрҳизбӣ дар мамлакатҳое ташаккул меёбад, ки яке аз ҳизбҳо солҳои тӯлонӣ дар натиҷаи мухолифати камқувват бартариашро нишон дода, ҳукмронӣ мекунад. Масалан дар сари ҳукумати Ҷопон аз солҳои 1955 то ба ҳол ҳизби либералӣ демократӣ меистад ё дар Ҳиндустон ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон, дар Шветсия Ҳизби сотсиал-демократ солҳои дарозе ҳукмрон буданд.
Дар низоми дуҳизбӣ ҳар як ҳизб мехоҳад, ки мустақилона ҳокимияти давлатиро ба даст дароварда, ҳукмронӣ кунад. Ҳизбе, ки ҳокимиятро аз даст додааст, то муҷаддадан ба он ноил шудан дар оппозитсия меистад. Доир ба ин масъала ҳизбҳои демократӣ ва республикавӣ дар ИМА ва ҳизбҳои консервативию лейбористӣ дар Англияро мисол овардан мумкин аст. Ҳизби ғолиб дар низоми дуҳизбӣ ва Бисёрҳизбӣ. аксарияти ҷойҳоро дар парламент ишғол мекунад.
Асри XX дар таърих асри барқароршавии бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъди солҳои 80-90 дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсии бисёре пайдо шуданд ва ин раванди инкишоф ҳанӯз ҳам идома дорад. Барои ташаккули низоми Бисёрҳизбӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (дек. 1990) мусоидат карданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муҳаббатов А., Нуриддинов Р. Асосҳои сиёсатшиносӣ. — Душанбе, 2006;
- Джон Кин. Демократия и гражданское общество. — М., 2001;
- Политические партии, движения и организации современной России на рубеже веков / Под ред. И. Н. Брагина. — М., 1999.
Сарчашма
вироиш- Бисёрҳизбӣ / А. Муҳаббатов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.