Бит (ҷаҳонӣ: bit; аз англ. binary digit — ҳисоби дуӣ; ё вожабозӣ: англ. bit — ҳиссача) — аломат, рақам, яке аз маъмултарин воҳиди ченкунии миқдори ахбор, ки ҳангоми воқеӣ гардидани яке аз ду ҳодисаи баробарэҳтимол пайдо мешавад.

Як бит иттилоъ баробари 0 (нул)
лампа фурузон
Як бит иттилоъ баробари 1 (яко)
лампа хомуш
Ҳарфи «М»-и калони сирилик
бино бар рамзбандии ISO 8859-5 дар 8 бит рамзбандӣ шудааст

Таърих

вироиш

Битро соли 1948 олими амрикоӣ К. Шеннон барои ифода намудани воҳиди ахбории хурдтарин пешниҳод кардааст. Бит воҳиди бунёдии андозакунии миқдори ахборест, ки ба миқдори ахбори дар таҷриба мавҷудаи ду натиҷаи баробарэҳтимол баробар аст. Яъне миқдори ахборест, ки фақат ҷавоби «ҳа» ё «не», 1/0, баста ё кушодаро дорад. Ба ибораи дигар миқдори ахборест, ки ба саволи гузошташуда ҷавоби якмаъно медиҳад. Бит воҳиди дуии ахбор мебошад. Дар электроника ба як разряди дуӣ як триггери дуӣ мувофиқат мекунад, ки ду ҳолати собит дорад. Дар техникаи ҳисоббарор ва шабакаҳои институтиқоли маълумот, одатан, қиматҳои 0 ва 1 бо қиматҳои гуногуни шиддат ё ҷараён институтиқол дода мешавад. Масалан дар микросхемаҳои асосашон ТТЛ рақами 0 чун шиддат дар фосилаи +0 то + 0,8В, рақами 1 дар фосилаи аз +2,4 то +5,0 В ифода меёбанд. Дар техникаи ҳисоббарор, бахусус дар ҳуҷҷатҳо ва стандартҳо, калимаи «бит» аксар ба маънои «разряди дуӣ» истифода мешавад (Масалан Бити калон разряди дуии бузурги байт ё калимае мебошад, ки сухан дар бораи он меравад).

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш