Битовнит
Битовни́т — (Ca,Na)[Al(Al,Si)Si2O8], плагиоклази нисбатан тоза, ки каме ғаши зарраҳои албитӣ ва кислотаҳои кремнийгӣ (45 — 49 %) дорад; дар кислотаҳо ҳал мешавад, таркиб ва хосиятҳояш ба лабрадор хеле монанд аст. Дар таркиби габбро, андезит ва ғайра вомехӯрад. Узви қатори изоморфии NaAlSi3O8 (албит) — CaAl2Si2O8 (анортит) буда, 70 — 90 % молекулаи анортит дорад.
Битовнит (Чихуахуа, Мексика) | |
---|---|
Формула | (Ca,Na)[Al(Al,Si)Si2O8] |
Физические свойства | |
Цвет | бесцветный, серый, зеленовато-белый, или белый |
Цвет черты | белый |
Блеск | близкий к стеклянному |
Твёрдость | 6-6,5 |
Спайность | весьма совершенная по [001], совершенная по [010] |
Излом | ступенчатый |
Сингония | Триклинная |
Соли 1835 ба муносибати мавзеи бозёфт — шаҳраки Байтаун (ҳоз. Оттава) номгузорӣ шудааст. Одатан, намуди агрегатҳои сафед ва зарди донагиро дорад, баъзан дар шакли булӯрҳои нимшаффоф ва шаффофи зардча бо тобиши тилоӣ вомехӯрад. Беҳтарин намунаҳои битовнит коркард (суфтагарӣ) карда мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Битовник // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи минерал ё минералогия аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |