Саҳрои Шарқӣ

(Тағйири масир аз Биёбони Араб)

Саҳрои Шарқӣ (ар. الصحراء الشرقية‎), Биёбони Араббиёбон дар Африқо, қисми шимолу шарқии Саҳрои Кабир.

Дар Мисри Араб, байни водии Нил ва Баҳри Сурх воқеъ аст. Дар ҷануб то 220 а. ш. тӯл кашида, дар он ҷо бо биёбони Нубия пайваст мешавад. Қисми зиёди биёбонро пуштакӯҳҳои санглох, регзор ва оҳаксангӣ фаро гирифтаанд; онҳо аз ғарб ба шарқ зина ба зина баланд мешаванд. Дар шарқ, қад-қади соҳили Баҳри Сурх, қаторкӯҳи Атбай (баландиаш то 218 м) воқест, ки он аз ҷинсҳои қадими булӯрӣ таркиб ёфтааст. Иқлимаш гарм, баъзан якчанд сол пайиҳам борон намеборад. Дар водиҳо ҷо-ҷо рустаниҳои буттагӣ мерӯянд. Аҳолӣ асосан кӯчманчӣ; бо чорводорӣ (бузу гӯсфанд, шутур) ва дар воҳаҳо бо зироаткорӣ машғул аст. Дар соҳили Баҳри Сурх конҳои нафту фосфорит ҳаст.


Сарчашма

вироиш