Биҳишт
Биҳишт (форсӣ: بهشت, аз авестоии Vahishta — ҷаҳони бартару некӯтар), фирдавс, ҷаннат, мину — дар дини ислом наздиктарин ҷойгоҳ ба Худованд барои муъминони ҳақиқӣ, ки ба туфайли аъмоли неку бегуноҳӣ ба онҷо бурда шаванд ва манзилгоҳи абадии онҳо бошад.
Биҳишт бар асоси динҳои ҷаҳонӣ
вироишОн дар адабиётшиносӣ маҳалли амну осоишу оромиш ва орӣ аз ҳар гуна ранҷу азоб ва мавзеи хушобу ҳаво тасвир шудааст. Ҳамаи динҳои мутаоли ҷаҳонӣ рафтан ба биҳиштро ба гаравандагони худ ваъда медиҳанд ва талқин мекунанд. Дар Авесто рӯҳи инсони накӯкор пас аз тай намудани «таслим»-и ахлоқии андешаи нек, гуфтори нек ва пиндори нек ба сӯи фазои фурӯғи аҳуроӣ сууд мекунад ва аз Пули сирот (Чинонат пирито – филиззи гудохтаи болои наҳр) гузашта, ба боргоҳи қудсии Аҳура Маздо мерасад ва дар биҳишти барин қарор мегирад. Дар дини яҳудӣ ва масеҳият низ биҳишт бо авсофи гуногун, аз қабили маҳалли ҳаёти ҷовидона тасвир шудааст. Дар Аҳди Ҷадид биҳишт маҳалли саодату амонӣ, лаззати нафсонӣ ва ҷойгоҳи рӯҳонӣ қаламдод шудааст, ки нафси инсон пас аз ҷудо шудан аз бадан дар он ҷойгоҳ мондагор мешавад.
Биҳишт бар асоси ақоиди исломӣ
вироишБар асоси ақоиди исломӣ рӯзи қиёмат шуморе аз муъминони некукор бе ҳисоб, қисмате пас аз ҳисоби сабук, ҷамоаҳое пас баррасии дақиқи парвандаи аъмол, ки барои порае аз онҳо ба афви Парвардгор мақрун мегардад ва дастаҳое пас аз миқдоре сӯхтан дар оташ ва пок гаштан бо фазли Худо ва ба подоши хайр ба биҳишт бурда мешаванд ва муносиб бо мақоми бандагӣ ва дараҷаи аъмоли некашон дар манзилҳои олии биҳиштӣ ҷой дода мешаванд. Биҳишт ва манозили он ба чанд дараҷа ҷудо мешаванд, ки болотарини онҳо ҷаннатулфирдавс аст. Расули акрам (с) муъминонро ба доштани ҳиммати баланд тавсия мекунад ва дар ҳадисе мефармояд: «Вақте Худоро суол намудед, ҷаннати фирдавсро аз Ӯ бихоҳед, ки он миёна ва болотарин (ҷойгоҳ)-и биҳишт ва бар боло ва ё бар сақфи он Арши (Худои) Раҳмон бошад ва наҳрҳои биҳишт аз он ҷӯш зананд!»[1].
Биҳишт бар пояи назароти қуръонӣ
вироишБар пояи назароти қуръонӣ, рӯзи қиёмат мардум бори дигар зинда гардонида мешаванд ва бар асоси эътиқодоти ботинӣ ва мавқеъгириҳои амалие, ки дар дунё дар баробари паёмбарони Худованд, барномаи ҳидоят ва таълимоти фиристодаи Ӯ доштанд, ба ду гурӯҳи азим — растагорон ва зиёндидагон ва ё биҳиштиён ва дӯзахиён ҷудо мешаванд ва ҳар кадоми онҳо пас аз бозхости аъмол ва муайян шудани ҷойгоҳи абадиашон ба биҳишт ва ё дӯзах бурда мешаванд ва ба таври абадӣ дар он боқӣ мемонанд. Қуръони карим барои растагории охират ва расидан ба биҳишт пайравии комил ва татбиқи амалии барномаи ҳидояти худовандиро, ки бо номи Ислом шинохта мешавад, зарур мешуморад. Ин барномаи ҳидоят аз ду бахши муҳим ва дарҳамбофтае иборат аст, ки бахши аввалро низоми арзишҳои эътиқодӣ ва бахши дуюмро низоми амалӣ ва ё бахши аҳкоми шариат ташкил медиҳанд. Қуръон бахши аввалро аксаран бо таъбири имон ва бахши дуюмро бо таъбири амали солеҳ баён доштааст. «Ва онҳое, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд, онҳо асҳоби ҷаннат ҳастанд (ва) дар он ҷовидона бошанд»[2].
Нигаҳбонон ва дарбонони биҳишт
вироишНигаҳбонон ва дарбонони биҳиштро фариштае бо номи Ризвон роҳбарӣ мекунад ва онҳо ба биҳиштиён ҳангоми даромадан шодбош ва салому дуруд мегӯянд.«Ва онҳое, ки аз Парвардгорашон тақво намудаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт бурда шаванд, то он ки ба он ҷо биоянд ва дарҳояш кушода шаванд ва посдоронаш ба онҳо гӯянд, ки салом бар шумо, хуш бошед (ва) ҷовидона ба он дароед!»[3].
Биҳишт дар аҳодиси Паёмбар (с)
вироишРасули Худо (с) мефармояд: «Аввалин таоме, ки аҳли биҳишт мехӯранд, зиёдатии ҷигари ҳут (навъе моҳии бузург) аст…»[4]. Поинтарин манозили биҳиштӣ даҳ баробари дунё бошад ва охирин касе, ки ба биҳишт медарояд, дар он ҷой дода мешавад. Паёмбар (с) мефармояд: «Охирин касе, ки аз оташ хориҷ ва ба биҳишт дохил мешавад, марде аст, ки аз оташ афтону-хезон ва дар ривояти Муслим: хазида ва чорпо (чорғов) берун меояд. Худой, таборака ва таъоло, ба вай мегӯяд: Бирав ва ба биҳишт дарой! Ба биҳишт меояд ва хаёл мекунад, ки он пур аст, вопас мегардад ва мегӯяд: Парвардгоро, онро пур ёфтам! Ва ин кор миёни ӯ ва Парвардгор се бор такрор меёбад, дар навбати сеюм Худо ба вай мегӯяд: Бирав ва ба биҳишт дарой, ки барои ту (дар он) ба мисли дунё ва даҳ баробари он ва ё барои ту (дар он) ба мисли даҳ баробари дунё бошад! Мегӯяд: Оё маро масхара мекунӣ ва ё бар ман механдӣ ва Ту подшоҳӣ!? Ровии ҳадис гӯяд: Расули Худо (с)-ро дидам, ки хандид, то дандонҳои пешаш намудор гаштанд ва гуфта мешуд, ки ин поёнтарин манзилҳои аҳли биҳишт бошад»[5][6].
Аҳли биҳишт вақте ба наздики он бурда шаванд, тамоми дарвозаҳояш ба рӯи эшон кушода мегарданд ва дарбононаш ба шодбоши онҳо мегӯянд: «Салом бар шумо, хуш бошед (ва) ҷовидона ба он дароед! Ва (биҳиштиён) гӯянд: Ҳамд барои он Худо, ки ваъдаи Хешро барои мо рост гардонд ва заминро ба мо вогузошт, ки аз ҷаннат ҳар ҷо ки хоҳем, барои худ ҷой мегузинем, пас чӣ некуст аҷри амалкунандагон!»[7] ва чун ба он дароянд ва бо зеварҳои биҳиштӣ ороста гарданд, гӯянд: «Ҳамд барои Худое, ки ғамро аз мо дур сохт, Парвадгорамон, ба ҳақ, омурзандаи посдор аст, он (Зот)-е, ки моро бо фазли Худ дар саройи ҷовидона фуруд овард, ки моро дар он (дигар) ранҷу хастагие намерасад»[8]. Гуфтори биҳиштиён дар ҷаннат: «Субҳонакаллоҳумма» ва таҳияту шодбошашон дар он «салом» бошад ва охирин суханашон дар он ин аст, ки «Ҳамд барои Худой — Парвардгори ҷаҳонҳо»[9].
Биҳишт бар пояи Суннат
вироишБар пояи ривоятҳои Суннат биҳиштро ҳашт дар бошад. Якеро дари Намоз (салот) гӯянд ва он хосси намозгузорон бошад, дигареро дари Закот номанд ва он хосси закотдиҳандагон ва инфоқкунандагон дар роҳи Худо бошад, севвумро дари Райён гӯянд ва он хосси рӯзадорон бошад, чаҳорумро дари Ҳаҷ номанд ва он хосси ҳаҷгузорон ва зиёраткунандагони хонаи Худо бошад, панҷумро дари Зикр гӯянд ва он хосси зикргӯён ва истиғфоркунандагон бошад, шашумро дари Мубориза номанд ва он хосси муборизони роҳи Ҳақ бошад, ҳафтумро дари Козимина-л-ғайз гӯянд ва он барои фурӯбарандагони хашми худ бошад ва ҳаштумро дари Авфкунандагон аз мардум номанд, ки барои гузашткунандагон аз хатову гуноҳи мардум бошад. Касе аҳли ҳар амале бошад, ӯро аз он дар нидо кунанд ва онҳо, ки дар чанд амал ва ё дар тамоми амалҳои хайр марди тамоманд, онҳоро аз чанд ва ё аз тамоми дарҳо нидо кунанд ва эшон кадоме аз онҳоро барои вуруди худ ба биҳишт интихоб кунанд.
Андоза ва масоҳати биҳишт
вироишДар бораи андоза ва масоҳати биҳишти Худованд танҳо дар ду оят хабар дода шуда, дар яке мефармояд: «Ва ба сӯи мағфирате аз Парвардгоратон ва ҷаннате, ки паҳнои он осмонҳо ва замин аст, бишитобед, ки барои парҳезгорон омода карда шудааст!»[10] ва дар дигаре мефармояд: «Ба сӯи мағфирате аз Парвардгоратон ва ҷаннате, ки паҳнои он ба мисли паҳнои осмон ва замин аст, сабқат намоед, ки барои онҳое, ки ба Худо ва паёмбаронаш имон овардаанд, омода гардидааст!»[11]. Дар ҳоле ки дар бораи ҳаҷм ва андозаи дӯзах дар нусуси шаръ чизе наёмадааст.
Бар асоси таълимоти динҳои осмонӣ сарнавишти инсон бо тамом шудани ҳаёти ин дунё ба поён намерасад ва марг ба маънои хотимаи кор ва сафар ба сӯи адам ва нобудӣ нест, балки зарфиятҳои вуҷудии коргаҳи коинот ва дошти гардони низоми офариниш рӯзе ба поён мерасанд ва Худованд ба ҷои он низоми наверо ба гардиш дармеоварад. Ин назарияи таълимоти диниро дастовардҳои муосири физика, кашфиёти соҳаи астрофизика ва дигар риштаҳои илмӣ амалан исбот намуда ва коршиносони соҳа тамом шудани захира(ресурс)-ҳои мавҷудаи ҷаҳонро пас аз миллиардҳо соли дигар ба гунае пешгӯӣ намудаанд, ки ин мантиқан ба маънои ба поён расидани ҳаёти ин ҷаҳон аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- دائرةالمعارف قران کریم. ج۶. تهران،۱۳۸۶
Сарчашма
вироиш- Биҳишт / С. Маҳмадуллоев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.