Биҳиштӣ
Биҳиштӣ — навъе аз ангурҳои қадимии дерпазаки тоҷикӣ; селексияи халқист.
Биҳиштӣ сафед ва сиёҳ мешавад. Баргаш сабзи баланд, миёнаҳаҷми гирд а ё байзашакли 3-5-парраи чиндор. Гулаш дуҷинс, хӯшааш миёна ва калон (дарозиаш 15—28 см, вазнаш 275—350 г, баъзан 1—1,3 кг), устувона ё махрутшакл, зичиаш миёна. Ғужбаш миёнаҳаҷм (дарозиаш 15 мм, бараш 14 мм), лунда, тухмшакл, рангаш сабзи зардча, баъди пурра пухтан зарди кушод мешавад; мумпардааш тунук. Ғужмаш ғафсу сахт, гӯшташ серобу сершира, 1—2 (баъзан 3) дона тухм дорад. Баъди пурра пухтан, дар таркибаш 23—28 % қанд ва 4,7—6,8 г/л туршӣ мавҷуд аст. Аз ҳар га 120—200 сентнер ҳосил меғундоранд. Токаш зудсабз, 35—42%-и навдаҳояш самаровар. Дар шароити иқлими Тоҷикистон нимаи май гул карда, ох. авг. мевааш мепазад. Давраи нашваш 138—160 рӯз. Меваи биҳиштиро тар мехӯранд, аз он афшура ва шароби аълосифат тайёр мекунанд. Мавизаш сифати баланд надорад. Биҳиштиро бештар дар водиҳои Зарафшону Ҳисор, инчунин дар вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё ва Хоразми Ӯзбекистон мепарваранд. Биҳиштии сиёҳ асосан дар ноҳияи Панҷакент парвариш карда мешавад. Токаш ба сармо ва камобӣ устувор аст. Дар шӯрхок ва заҳзаминҳо низ хуб месабзад. Аз касалиҳои гарда ва некроз бештар зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Лазаревский М. А. Сорта винограда. М., 1959;
- Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.
Сарчашма
вироиш- Биҳиштӣ / Ҳ. Маҳмадқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.