Благовешенск
Благовешенск (русӣ: Благове́щенск) — шаҳр дар Русия, маркази маъмурии вилояти Амур.
Шаҳр | |||||
русӣ: Благове́щенск | |||||
| |||||
|
|||||
50°15′28″ с. ш. 127°32′11″ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Русия | ||||
Роҳбар | Валентина Сергеевна Калита[d] ва Q109484926? | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1856 | ||||
Аввалин номбарӣ | 1653 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 122 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+09:00[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Номи қавмӣ | благовешенсӣ, благовшенсиҳо | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 4162 | ||||
Нишонаи почта | 675000, 675002–675006, 675009–675011, 675014, 675016, 675018–675021, 675025, 675028 ва 675029 | ||||
Дигар | |||||
Ҷоизаҳо | |||||
admblag.ru | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишДар қисми ҷан. ғарбии дашти байни деҳаҳои Зея ва Бурея, дар соҳили дарёи Амур ва резишгоҳи дарёи Зея ҷойгир аст. Бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад. Аҳолиаш 219861 нафар (2010). Масоҳ. 320,97 км². Истгоҳи охирини роҳи оҳани Белогорск-Сибир (Транссибир). Маркази роҳҳои автомобилии Белогорск, Свободний, Завитинск, Райчихинск буда, тобистон гузаргоҳи киштиҳои Благовешенск — Хэйхэ (Хитой) фаъол мешавад ва рафтуомад барои ин ду шаҳр бе раводид (виза) сурат мегирад. Благовешенск соли 1856 ҳамчун дидбонгоҳи ҳарбии Уст-Зея бунёд ёфта, соли 1858 ба шаҳр табдил ёфт. Ба шарафи калисои Благовешения номгузорӣ шудааст. Солҳои 1920-26 маркази губ. Амур, 1926-32 маркази округи Амур дар ҳайати кишвари Шарқи Дур (аз 1938 кишвари Хабаровск). Аз 1948 маркази мустақили вилояти Амур.
Худидоракунии маҳаллӣ
вироишАз соли 1876 то замони шӯравӣ дар Благовещенск м. О.Мокеевский, Л. А. Бенкендорф, В. И. Кухтерин, П. Ф. Турчанинов, В. П. Ефимов, А. В. Кириллов, И. Д. Пришепенко, П. П. Попов, А.
Мэрҳо (1991-2010)
вироишЛяшко Юрий Гаврилович, шаҳрдори (раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ) Благовещенск дар давраи аз соли 1985 то 1996.
Колядин Александр Михайлович, шаҳрдори Благовещенск аз соли 1996 то 2004.
Мигул, Александр Анатольевич 28 ноябри соли 2004 ӯ шаҳрдори Благовещенск интихоб шуд. 1 марти соли 2009 барои мӯҳлати дуюм дубора интихоб шуд. 26 апрели соли 2010 Александр Анатольевич Мигуля бо қарори губернатори вилояти Амур аз вазифаи шаҳрдори Шаҳри Благовещенск барканор карда шуд.
Раисони мунисипалӣ
вироишВладимир Кобелев, раиси мунисипалии Шаҳри Благовещенск аз 15 июли соли 2010 то соли 2014.
Раисони маъмурият
20102011 Неведомский, Николай Алексеевич;
20112014 Березовский, Павел Викторович;
и. о. аз 21 феврали соли 2014 то 19 сентябри соли 2014 Козлов Александр Александрович[2];
Шаҳрдорон (аз соли 2014)
вироишАз 19 сентябри соли 2014 То 25 марти Соли 2015 Козлов Александр Александрович;
Аз 25 июли соли 2015 То 25 июли соли 2020 Калита Валентина Сергеевна (и. о. аз 25 март то 25 июл);
27 июли соли 2020 Олег Гатауллович Имамеев Ба вазифаи шаҳрдори Шаҳри Благовещенск шурӯъ кард.
Раисони думаи Шаҳри Благовещенск
вироишаз 19 сентябри соли 2019 Евглевская Елена Игоревна;
Иқтисод
вироишБлаговешенск маркази серсоҳаи саноати кишвар аст; корхонаҳои бузургаш: з-дҳои «Амурский металлист» (аз 1893, истеҳсоли таҷҳизот барои истихроҷи маъдан ва тило), киштисозӣ (аз 1887), «Амурэлектроприбор». Истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ (коркарди рустаниҳои лӯбиёӣ ва нӯшобаҳои спиртӣ), саноати коркарди чӯбу тахта ба роҳ монда шудааст. Дар Благовешенск Донишгоҳи давлатии Амур, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Благовешенск, донишгоҳи аграрӣ ва Институтинизомии Шарқи Дур, академияи тиббӣ, 15 мактаби касбию миёна, Институтитаҳқиқоти илмии Амур, Маркази илмии физиология ва паталогияи роҳҳои нафас, осорхонаи кишваршиносӣ (1891), театрҳои драмавӣ (1883) ва лухтак фаъолият доранд. Дар ох. с-ҳои 40 садаи 20 дар Благовешенск скелети динозавр ёфт шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Численность постоянного населения Российской Федерации по муниципальным образованиям на 1 января 2024 года
- ↑ Александр Козлов: вопросы к работе чиновника(рус.). Вслух.ru. 8 июни 2023 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Благовешенск // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.