Бластомерҳо (аз бласто… ва юн. meros — ҷузъ) — ҳуҷайраҳое, ки дар раванди тақсимшавии тухми ҳайвонҳои серҳуҷайра ба вуҷуд меоянд. Бластомерҳо нумӯ намеёбанд, бинобар ин ҳангоми ҳар бор тақсим гаштан (то ҳосил шудани бластула) онҳо ду баробар хурд мешаванд. Дар мавриди тақсим шудани тухмҳои голобластӣ, ки модда­ҳои ғизоӣ нобаробар паҳн мегарданд, Бластомерҳои калон (макро­мерҳо) ва хурд (микромерҳо) ташаккул меёбанд.

Сарчашма

вироиш