Бластомикозҳо
Бластомикозҳо (юн. blastos — шохча ва mykes — занбӯруғ) — бемориҳои музмине, ки дар пӯст, устухон ва узвҳои дарун пайдо мешаванд.
Бластомикозҳо | |
---|---|
Ихтисос | Инфектология |
МКБ-10 | B40. |
---|---|
МКБ-9 | 116.0 |
DiseasesDB | 1439 |
MedlinePlus | https://medlineplus.gov/ency/article/000102.htm |
eMedicine | / |
MeSH | D001759 |
Бластомикозҳоро асосан занбӯруғҳои хамирмоя ба вуҷуд меоранд. Маҳалли сукунати онҳо хок аст. Ба бластомикозҳо саг, баъзан одамон гирифтор мешаванд. Бластомикозҳои одамро бори аввал охири садаи 19 дар ИМА ошкор кардаанд. Бластомикозҳо ду хел (Бластомикозҳои пӯст ва Бластомикозҳои узвҳои дарунӣ) мешавад. Ҳангоми Бластомикозҳои пӯст дар бадан уқдаву доначаҳо падид меоянд; аломатҳои Бластомикозҳои узвҳои дохилӣ танг шудани нафас, лоғар гаштан, пайдоиши думбал, нобиноӣ ва ғ. мебошанд. Яке аз шаклҳои Бластомикозҳо — криптококкоз (Бластомикозҳои аврупоӣ) ба бемориҳои шабеҳи СПИД мансуб аст. Сироят, одатан, дар мавриди бо гарду чанг нафас гирифтани спораҳои занбӯруғ сар мезанад. Ба Бластомикозҳо асосан кормандони соҳаи кишоварзӣ гирифтор мешаванд. Бластомикозҳо дуру дароз давом мекунанд ва ташхисашон душвор аст. Бластомикозҳоро бо доруҳои зидди занбӯруғҳо, инчунин витаминҳо, марҳамҳои гуногун, маҳлули рангҳои анилинӣ муолиҷа мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бластомикозҳо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.