Блок, Александр Александрович
Блок Александр Александрович (28.11.1880, Петербург — 7.8.1921, Петроград) — шоир, драматург, мунаққиди рус, яке аз намояндагони маъруфи символизм дар Россия.
русӣ: Александр Александрович Блок | |
Таърихи таваллуд: | 16 (28) ноябр 1880[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 7 август 1921[4][5][1][…] (40 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | сӯгвора[d], шеър[d] ва epistolary literature[d] |
Забони осор: | русӣ[6][7][8] |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Петербург (1906). Аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ майлу рағбати беандоза дошт. Нахустин шеърҳояш дар матбуот соли 1903 ба табъ расидаанд. Пас аз нашри маҷм. «Шеърҳо дар васфи хонуми зебо» (1904) чун шоир маъруфият пайдо кард. То ин давра Блок тақр. 800 шеър навишта буд, вале ба ин маҷмӯа танҳо 100 шеъраш дохил гардидааст. Дар шеърҳои солҳои аввали ба арсаи эҷод қадам ниҳодани Блок рамзҳои муҷарради мистикию романтикӣ ба назар мерасиданд, ки баъдан аз инҳо, Масалан аз символизм, дур шуд ва ба воқеият рӯй овард. Солҳои 1918-21 пурмаҳсултарин давраи эҷодиёти Блок ба шумор мераванд. Достонҳои «Дувоздаҳ» (дар бораи Инқилоби Октябр), «Скифҳо», «Зиёӣ ва Инқилоб» ва ғ. маҳсули эҷоди шоир дар ҳамин давраанд. Блог шоири романтик (ниг. Романтизм), сарояндаи ишқ, вассофи Ватан буд. Ба қалами Блок осори драмавӣ — «Зани ношинос», «Шоҳ дар майдон» (1906), «Суруди қисмат» (1907 — 08), «Садбаргу Салиб» (1912-13) ва ғ. ҳам тааллуқ доранд. Афкору андешаҳои танқидӣадабияшро дар мақолаҳо, Масалан «Оид ба символизм дар адабиёти рус» (1910) ва ғ., иброз доштааст. Аз баъзе нигоштаҳои ёддоштӣ ва мақолаҳои адабиётшиносии Блог бармеояд, ки бо адабиёти форс-тоҷик, эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он ба туфайли навиштаҳои А. С. Грибоедов, тарҷумаҳои аз осори адабиёти классикии форс-тоҷик анҷомдодаи Блок В. Бер, тарҷумаи «Гулистон»-и Саъдӣ (маҳсули заҳмати Холмогоров) ва ғ., шинос шудааст. Блог дар ашъораш на танҳо ба мазмуну мундариҷаи осори адабиёти классикии форс-тоҷик, балки ба ҷиҳатҳои шаклии ашъори форсии тоҷикӣ пайравӣ кардааст. Ҳамин рӯҳияи гароиши Блок ба адабиёти форс-тоҷик, яъне корбурди таркибҳои савтиву наҳвӣ, истеъмоли таъбирҳо дар мисраву байту бандҳо, авзону қофия ва ғ. дар шеъри ӯ сабаб гардиданд, ки шоирону адибони тоҷик эҷодиёти Блокро биомӯзанд ва намунаҳое аз осори ӯро тарҷума ва пешниҳоди хонандаи тоҷик кунанд. Масалан шоири тоҷик М. Қаноат аз шеъри Блок илҳом гирифтанаш ва дар эҷоди баъзе достонҳо аз ӯ баҳра бардоштанашро таъкид кардааст («Вопросы литературы», 1980, № 10). Шоирони дигари тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигар осори Блокро омӯхта, дар борааш мақолаҳо навиштаанд, шеърҳояшро ба забони тоҷикӣ гардондаанд. Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.
Осор
вироиш- Панҷ шеър// Садои Шарқ, 1969, № 11;
- Сармаст шавад зи бӯйи шеърам…//Садои Шарқ, 1980, № 94;
- Тарҷумаҳо аз Блок дар гулчини ашъори Муъмин Қаноат (Сарҷӯи сабз, Д., 1975), Қутбӣ Киром, (Сари баланд. Д., 1982);
- Собрание сочинений. В 12-х тт. М., 1997—2001.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Белинков А. В., Михайлов О. Н. Блок А. (рус.) // Краткая литературная энциклопедия — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1. — С. 642—645.
- ↑ Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Саакянц А. А. Блок Александр Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1970. — Т. 3 : Бари — Браслет. — С. 423.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Блок Александр Александрович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.