Бобак
Бобак (форсӣ: بابک), Побаг (порсии миёна: 𐭯𐭠𐭯𐭪𐭩 Pāpak/Pābag; 150-ум, Порс, Шоҳаншоҳии Ашконӣ — 200-ум) — фармонравои Истахр (205—210), писари Сосон ва падари Ардашери Бобакон.
Таваллуд |
150-ум |
---|---|
Даргузашт | 200-ум |
Падар | Сосон |
Модар | Ромбиҳишт |
Ҳамсар | Рудаг[1] |
Фарзандон | Ардашер, Шопур[d] ва Динаг[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБобак писари Сосон[2], мӯбади оташкадаи Оноҳито буд. Ӯ ду писар ба номҳои Шопур ва Ардашер дошт. Ба дархости писари кӯчактараш, Ардашер, ӯ шоҳи Порс (ба порсии миёна: Гӯчеҳр)-ро кушту аз шоҳаншоҳи ашконӣ Ардавони V хост то подшоҳии писари аршадаш, Шопурро бар вилояти Порс ба расмият бишносад. Аммо бо мухолифати Ардавони V рӯбарӯ шуд. Баъд аз даргузашти ӯ, Шопуру Ардашер бар сари тоҷу тахти подшоҳӣ низоъ карданд, ки дар ниҳоят, бо марги мармузи Шопур, ва подшоҳи Порс аз он Ардашери Бобакон шуд. Ин рӯйдод, пешинаи рӯйдодҳои дигаре шуд, ки дар ниҳоят, ба фурӯпошии шоҳаншоҳии Ашконӣ ва бунёдгузории шоҳаншоҳии Сосонӣ мунҷар гардид[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ English Wikipedia community Wikipedia (ингл.) — 2001.
- ↑ Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
- ↑ Бобак падари Ардашер // Википедияи Форсӣ(форсӣ)
Адабиёт
вироиш- Jean Gagé. La montée des Sassanides. «Histoire de Babak de Sasan et d’Ardachir» par Tha’alibi. Le Mémorial des Siècles. Editions Albin Michel. Paris. 1964. pp. 198—201.