Бобозокирӣ
Бобозокирӣ — як навъ ангури пешпазаки маҳаллӣ; селексияи халқист.
Тавсифот
вироишТокаш зудсабз, 38–43 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ (65–70 дарсади навдаҳояш то ох. фасли тирамоҳ мерасанд). Баргаш миёнаҳаҷми гирда, 3–5-парраи камчок. Рӯйи лаъличаи барг суфта, сабзи баланд, бепашмак. Гулаш дуҷинс. Хӯшааш зағӯтамонанди миёнаҳаҷм (дарозиаш 22 см, бараш 18 см). Ғужбаш миёнаҳаҷми дарозрӯя (дар ҳар хӯша 180–190-донагӣ зич ҷой гирифтааст; вазнаш 240–280 г), гулобиранги сурхтоб (3–4 дона тухми майдаи лӯнда дорад). Ғужмаш тунуки маҳин, мағзи мевааш хамирак, карсосӣ, сершираи хуштаъм. Ҳангоми пурра пухтан 16–17% қанд ва 3,5–4 г/л туршӣ дорад. Давраи нашваш 110–115 рӯз; авв. май гул карда, нимаи июл мевааш мепазад. Аз 1 га 160–170 сентнер ҳосил мегиранд. Дар заминҳои санглох ва шӯрхок ҳангоми 6–8 буғум монда буридани химчаҳо ҳосили зиёд медиҳад (муғҷаҳои қисми поёнии навдаҳояш камҳосиланд). Кундаҳои алоҳидаи токаш дар ҳаётаи сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Б. Ғафуров, Конибодом дучор мешавад. Ба хушкӣ ва касалии гарда нисбатан тобовар буда, аз сармо зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Рубин Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент, 1972;
- Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1972;
- Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.
Сарчашма
вироиш- Бобозокирӣ / Ҳ. Маҳмадқулов, Н. Шукуров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.