Мавлоно Бобои Балхӣ (форсӣ: باباى بلخى‎, с. тав. ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).

Бобои Балхӣ
Навъи фаъолият: шоир

Аз ин шахс танҳо тазкиранигор Нисории Бухороӣ дар «Музаккир-ул-аҳбоб» ёд кардааст. Бобои Балхӣ, чунон ки аз нисбааш бармеояд, дар Балх зиндагӣ ва эҷод карда, дар ҳамин ҷо даргузаштааст. Аз анвои шеър бештар ба ғазал таваҷҷуҳ доштааст. Ин байт аз ӯст:

Мижгони ту дуд аз дили пурдард баровард,
Тират зи тани хокии ман гард баровард.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • مشحون. تاریخ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۶

Сарчашма вироиш