Бобонасибуддин Ғозии Кашмирӣ (форсӣ: بابانصیب‌الدین غازی کشمیری‎, маъруф ба Бобонасиб, форсӣ: بابانصَیب[1]; 1569, Кашмир — 1637, қа­са­баи Биҷбиҳараи Сринагари Кашмир) — донишманд, нависанда ва шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Бобонасиб

Зиндагинома

вироиш

Яке аз шогирдони шоир ва адиби мутасаввиф Бобо Довуди Хокӣ. Му­во­фи­қи маълумоти «Таърихи Аъзамӣ»-и Хоҷа Аъзами Ди­да­ма­рӣ, аз шайхони машҳури диёри Кашмир ва пайрави тари­қа­ти суҳравардия будааст. Тарки дунёи моддӣ намуда, тамоми умр ба иршод, ҳидояти халқ ва тарвиҷи аҳкоми шариат машғул буд ва фақирону мискинонро даст­гирӣ мекард. Ба ҳамин сабаб ба нисбаи «Абулфуқаро» низ машҳур аст. Оромгоҳаш дар канори чапи рӯди Ҷҳелам, назди масҷиди ҷо­меъ воқеъ ва зиёратгоҳ аст. Аз осораш «Нурнома» дар шар­ҳи ҳоли шоиру орифи Кашмир Шайх Нуруддини Решӣ (тар­ҷума аз санскрит ба форсӣ, нусхаҳояш дар Музейи миллии Покистон ва китобхонаи Ганҷбахш маҳфуз аст), тазкираи «Дарвешнома» ё «Решинома» дар шарҳи ҳоли машоихи аср­ҳои 14−15, ки дар Кашмир зиндагонӣ карда, чун решӣ (ҳа­ким, ориф) маъруф буданд (нусхаҳояш маҳфуз дар Калкатта, дар Китобхонаи Маҷлиси осиёии Бангол ва Китобхонаи Дониш­гоҳи Панҷоби Лоҳур), то имрӯз боқӣ мондаанд.

Намунае аз ашъори Ғозӣ:

Чӣ бандӣ дил дар ин дунё, ки рӯзе чанд меҳмонӣ,
Ки ногаҳ марг пеш ояд, хӯрӣ он дам пушаймонӣ.
Наёрӣ ёди рӯзе, он ки вақти марг дар пеш аст,
Чӣ мағрурӣ дар ин дунё, магар мурдан намедонӣ?
Яке андеша кун, бингар, киё буданд дар ин дунё,
Куҷо рафтанд ёроне, ки буданд муниси ҷонӣ?

Адабиёт

вироиш
  • Ivanov W. Concise descriptive catalogue of the Persian Manu­scripts in the Curzon Collection of the Asiatic Society of Bengal.-Calcutta, 1924.