Бобохалили Одина
Бобохалил Одинаев (1882, деҳаи Кӯҳдараи вилояти Қубодиёни Бухорои Шарқӣ, Аморати Бухоро — 1975, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб) — сарояндаи тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1955).
Бобохалил Одинаев | |
Таърихи таваллуд | 29.04.1882 [1] |
Зодгоҳ | вилояти Қубодиён Бухорои Шарқӣ Аморати Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1975 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Ҳамадонӣ |
Пеша(ҳо) | ҳофиз |
Зиндагинома
вироишБобохалил Одинаев пеш аз инқилоб ҳамчун ҳофиз шинохта шуда буд. Баъди Инқилоби Октябр дар ташкил ва мустаҳкам намудани сохти колхозӣ фаъолона иштирок карда, дар дастаҳои касбии санъат ҳунарнамоӣ доштааст. Барномааш бою рангин буда, асоси онро сурудҳои халқӣ, лирикаи ишқӣ ва панду ҳикмат пурра месохт. Бобохалили Одина якчанд суруд эҷод кардааст, ки «Ҷонони ман», «Дилбар маро накушад», «Тоҷикистон», «Салом Москва» ва ғайра аз қабили онҳоянд. Бобохалил Одинаев иштирокчии азназаргузарониҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ (1954, 1955) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957). Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 29 апреля 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-29-aprelya-2014-goda
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 276—480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)