Бобоқул Файзуллоев

Бобоқул Файзуллоев (24 августи 1899, ноҳияи Ғиждувон, Аморати Бухоро — 27 феврали 1964, Душанбе) — овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1952), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1972).

Бобоқул Файзуллоев
Таърихи таваллуд 13 август 1899(1899-08-13)
Зодгоҳ ноҳияи Ғиждувон , Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт 4 август 2014(2014-08-04) (114 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, навозанда
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1952), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1972)

Зиндагинома

вироиш

Аз овони хурдсолӣ ба шеъру мусиқӣ дил баста, то 14 солагӣ санъати навозандагию сарояндагиро фаро гирифт ва дар синни 20 ба иҷрои баъзе шохаҳои «Шашмақом» дар ҳамнавоии танбӯр даст ёфт. Минбаъд ҳунарашро такмил бахшида, дар таъсиси дастаҳои ҳунарии худфаъоли Бухоро саҳм гирифт. Соли 1936 бори аввал порчаҳои ҷудогонаи «Шашмақом»-ро тариқи Радиои Умумииттифоқ (Маскав) манзури шунавандагон гардонд. Замони кор ва ҳунарварӣ дар дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ (1950—1964) шохаҳои муҳими мақомҳоро дар ҳамовозии танбӯр барои хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон сабт намуда, беҳтарин суннатҳои иҷроии онро ба шогирдони зиёд омӯзондааст. Соли 1947 бо қарори махсуси Ҳукумати Тоҷикистон сабти адвории (нота) «Шашмақом» шурӯъ шуд ва номрафта яке аз иҷрокунандагони асосии ин амри хайр гардид. Ӯ ҳамроҳи Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва В. Беляев дар сабти нотавии «Шашмақом» (иборат аз 5 ҷилд дар Маскав солҳои 1950—1964 чоп шуд) салиқа ва сомеаи нотакрори мусиқидонию хонандагиро ба харҷ дод ва номашро дар сафҳаи мусиқии тоҷик бо хатти зарин навишт.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.