Бобо Қанбар
Бобо Қанбар (форсӣ: بابا قنبر), Бобо Қилдир, Бобо Қулдуроқ — персонажи устураҳо ва боварҳои мардуми тоҷик, ки аз рӯйи баъзе амалиёташ ба фариштаи барфу борон ва дигар. падидаҳои осмонӣ монанд аст.
Садо додани тундар, пайдо шудани чароғак, рехтани борону барфро мардум ба Бобо Қанбар марбут медонистанд: садои тундар — табли шикор задани Бобо Қанбар чароғак — бо чахмоксанг шарора ангехтани пилтаи камони Бобо Қанбар боридани борон — оббозӣ кардани Бобо Қанбар дар ҳавзи осмонӣ ва пош хӯрдани қатраҳои об; боридани барф ва жола — ҷаҳидани зарраҳо аз суми аспи Бобо Қанбар ҳангоми аспдавонии ӯ; пайдоиши рангинкамон — аз шикор баргашта камонашро овехтани Бобо Қанбар Мардуми манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати борон ба Бобо Қанбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуӣ барпо мекарданд, ки имрӯзҳо баъзеашон ба сурати бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд. Номҳои «Бобо Қанбар», «Бобо Қилдир» ва «Бобо Қулдуроқ» аз савтвожаҳо сохта шудаанд, яъне тақлиди садои гулдуроси тундар дар онҳо ифода ёфтааст. «Бобо» ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он нисбат дода шудааст. Калимаи «Қанбар» дар таркиби номи ин эзади асотирӣ бо номи персонажи дигари ривоятҳои тоҷикӣ — Қанбар, саиси ҳазрати Алӣ ҳеч иртиботе надорад. Тасаввурот дар бораи Бобо Қанбар эзади боришҳои осмонӣ бешак идомаи омиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тиштрйа ё Тир мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Андреев М. С. Из материалов по мифологии таджиков. По Таджикистану: краткий отчет о работах этнографических экспедиций в Таджикистане в 1925 году. Вып. I. Ташкент, 1927;
- Антонова Е. В., Чвыр Л. А. Таджикские весенные игры и обряды и индо-иранская мифология// Фольклор и историческая этнография. М., 1983/
Сарчашма
вироиш- Бобо Қанбар / Д. Раҳимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.