Бобо Ҳоҷӣ (ном ва насаби аслиаш Ҳоҷи­зода Бобо; 1 майи 1928, деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон — 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954). Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1988).

Бобо Ҳоҷӣ
Бобо Ҳоҷизода
Бобо Ҳоҷӣ
Бобо Ҳоҷӣ
Тахаллусҳо: Сабоҳӣ
Таърихи таваллуд: 1 май 1928(1928-05-01)
Зодгоҳ: деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 2016(2016)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1951-2015
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Бобо Ҳоҷӣ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1951). Корманди рӯзномаҳои «Ком­сомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи «Машъал» (1951—1962), муҳарри­ри калони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962—1967). Солҳои 1967—1987 дар муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» муҳаррири калон буд. Аз соли 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодист. Шеъри аввалинаш соли 1949 ба табъ расидааст. Мавзӯи маҷмӯаҳои «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1964), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Нони ҳалол» (1978), «Паймона», «Дурри ятим» (ҳар ду 1986), «Обилаи дил» (2002), «Гули шому саҳар» (2004), «Соябони сар»-и (2008) Бобо Ҳоҷӣ ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, инсондӯстӣ, тантанаи ғояҳои ҳаёти нави сотсиалистӣ, васфи манзараҳои табиати кӯҳистон, шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ситоиши аҳли заҳмат ва ғ. мебошад. Ашъори дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1962), «Соябони сар» (2008) фароҳам омадаро Бобо Ҳоҷӣ махсус барои бачагон иншо намудааст, ки дар онҳо ҳаёт, тарзи зиндагӣ, орзую умеди насли наврас ифода ёфтааст. Шеърҳои барои бачагон, талабаҳои синфҳои ибтидоӣ эҷоднамудаи ӯ дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ҷой гирифтаанд. Дар ашъори ҳаҷвии «Қарсак аз ду даст» (1982) ашхоси бадгуҳар, мансабдорони ноуҳдабаро ва чолпусро бо ҳаҷви тезу тунди нишонрас мавриди сарзаниш қарор додааст. Шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Признание в любви» (1970), «Честный хлеб» (1987) фароҳам омадаанд. Чанде аз шеърҳояш ба дигар забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ (англисию чехӣ) тарҷума шудаанд. Инчунин Бобо Ҳоҷӣ ба навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ, публитсистӣ, очерку лавҳа ва хотирот машғул аст. Намунаҳои ашъори Н. Некрасов, С. Есенин, Л. Украинка, Абай, А. Сурков, М. Исаковский, С. Михалков, Зулфия ва дигар, инчунин мухтасари ҳамосаи Ҳинди Қадим «Рамаяна»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Эҷодиёт

вироиш

Шеърҳои аввалинаш аз соли 1949 ба табъ расидаанд. Чанд китоби очеркаш ҳам ба табъ расидааст. Шеърҳои ба русӣ тарҷумашудааш дар китобҳои «Признание в любвы» (1970) ва «Честный хлеб» (1987) интишор ёфтаанд. Иддае аз офаридаҳояш ба забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Соли 1987 нашриёти «Маориф»-и Ашқобод китоби шеърҳои «Чаманҳои Помир»-и ӯро ба забони туркманӣ чоп кардааст. Осори алоҳидаи Н. Некрасов, С. Есенин, Абай, Л. Украинка, Зулфия, А. Сурков, Г. Абашидзе, С. Михалков, М. Исаковский, қиссаҳои А. Загребалний «Водии хобҳои дароз», Ш. Бейшеналиев «Баррачаи шохдор», В. Гавф «Муки майдаҳак»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи эпоси ҳиндии «Рамаяна» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.[1]

Нахустин шеърҳои Бобо Ҳоҷӣ соли 1949 нашр шудаанд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърҳо барои кӯдакон:

  • «Раҳмат ба Ватан» (1958),
  • «Бузи айнакдор» (1961),
  • «Шукуфаҳои чаман» (1965),
  • «Признание в любви» (1970) (забони русӣ)
  • «Гурбаи гелосбон» (1971),
  • «Садарайҳон» (1980)
  • «Райҳон» (1980).

Ашъораш дар маҷмӯаҳои

  • «Насими баҳорон» (1956),
  • «Изҳори муҳаббат» (1962),
  • «Гули Хуршед» (1974),
  • «Нони ҳалол» (1978),
  • «Осиёи чашма» (1984),
  • «Паймона» (1986),
  • «Дурри ятим» (1988),
  • «Ашки булбул» (1990),
  • «Пешдаргирон» (1998) ва ғ. чоп шудаанд.[1]

Маҷмӯаҳои шеърҳои тоҷикӣ ва забони русӣ: Якчанд очеркҳои ӯ ба монанди

  • «Гули ҳафтранг» (1969),
  • «Хандаи маҳтоб» (1976),
  • «Паймона» (1986),
  • «Дурри ятим» (1988),
  • «Нони ҳалол» (1987),
  • «Пешдаргирон» (1998),
  • «Обилаи дил» (2002),
  • «Гули шому саҳар» (2004),
  • «Соябони сар» (2008),
  • «Кулоҳи коку» (2011) дар маҷмӯаҳои алоҳида нашр шудаанд.

Ҷоизаву унвонҳо

вироиш
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон,
  • Ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1988),
  • нишони тилои Кумитаи муҳофизони сулҳи ИҶШС,
  • Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
  1. 1.0 1.1 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 280 ISBN 978-99947-2-379-9

Сарчашма

вироиш
  • Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Ҷилди I (А — ГАВҲАР) 1978
  • Бобо Ҳоҷӣ / Ш. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.