Бобоҷалол Носирзода

(Тағйири масир аз Бобо Ҷалол)

Бобоҷалол Носирзода (форсӣ: باباجلال ناصرزاده‎; машҳур ба Отаҷалол, 1845, Бухоро — 1928, Самарқанд) — мусиқидон, танбӯрӣ, шашмақомсаро ва оҳангсози тоҷик, яке аз намояндагони бузурги мактаби эҷодию иҷроии Бухоро.

Бобоҷалол Носирзода
форсӣ: باباجلال ناصرزاده
Таърихи таваллуд 1845(1845)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1928(1928)
Маҳалли даргузашт Самарқанд
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Зиндагинома

вироиш

Назарияи шеъру мусиқиро нахуст аз модараш, ки як зани донишманду соҳибфазл будааст, омӯхта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Бадалбеки Бухоро идома дод ва аз падар асосҳои шеъру мусиқиро фаро гирифт; дар ҳамкорӣ бо мусиқишиноси машҳур Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851—1906) дониши назарию амалии хешро такмил дод. Муддате дар дарбори амирони манғитӣ — Амир Музаффар (Шаҳрисабз, 1860—1885, Абдулаҳад (Кармина, ҳоз. Навоӣ, 1885—1910), Олимхон (Бухоро, 1910—1920) ҳамчун мутриб, сарвари ромишгарони дарбор хидмат намуд. Бобоҷалол Носирзода аз пайравони аллома Аҳмади Дониш буд, дар маҳфилҳои адабии ин донишманд ширкат варзида, бисёре аз асрори нозуки назму наворо аз ӯ омӯхт. Дар ҳифз ва иҷрои «наср», «мушкилот», намунаҳои мусиқии ҳирфаии мардумӣ донишу сомеаи беназир дошт. Ӯ дар таҳияи чандин баёзу рисолаи «Шашмақом» дар аҳди Амир Музаффар, Абдулаҳад ва Олимхон саҳм гузоштааст. «Шашмақом»-ро ба таври комил аз ёд медонист. Ҷомеашинос ва мусиқишиноси рус В. А. Успенский (1879—1949) бахшҳои созии мақомҳо, аз ҷумла «мушкилот»-ро аз Бобоҷалол Носирзода ва ёру ҳамкори ӯ Бобоғиёс Абдулғанизода (1859—1927) сабт намуда, соли 1924 бо номи «Шесть музыкальных поэм» зери сарпарастии Ҷумҳурии Халқии Бухоро ба чоп расонид.

Фаъолият

вироиш

Бобоҷалол Носирзода солҳои 1920—1927 дар Мактаби мусиқии Бухоро ва солҳои 1927—1928 дар Донишкадаи хореография ва мусиқии шаҳри Самарқанд дарс гуфтааст. Мутрибону сарояндагони номдоре ҳамчун Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, М, Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов ва диг. шогирдони ӯ мебошанд. Як зумра устодони мусиқӣ — Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852—1936), Домулло Ҳалим (1876—1940), Устод Шодии Азиз (Азизов Шодӣ; 1878—1942), Бобоқул Файзуллоев (1897—1964) ва диг. ҳунари сознавозӣ ва сарояндагии хешро дар назди ӯ сайқал додаанд. Мусиқишиносони рус Н. Н. Миронов ва В. А. Успенский осори баргузидаи мусиқии мақомӣ ва шифоҳиро бо садои ӯ сабт намудаанд.

Бобоҷалол Носирзода дар тазмин ва бардошт аз «Шашмақом», махсусан дар зарбу усулҳои мақоми «Сегоҳ» чандин асари созию овозӣ, аз ҷумла "Сегоҳи Ҷалолӣ "-ро бар ғазали Аҳмади Дониш тасниф кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 42 ISBN 978-99947-49-13-3
  • Шесть музыкальных поэм. М., 1924; Успенский В. А. Научное наследие, воспоминания… Ташкент, 1980;
  • Шашмақом. М., 1950; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1989;
  • Таджикская музыка. Д., 2004.