Бобслей (англ. bobsleigh) — навъи варзиш, ки варзишгарон дар чанаи оҳании идорашаванда бо яхроҳаи махсус сарнишеб ба суръат поён мефароянд.

Чана зимом (рул) ва дастгоҳи боздорӣ (тормоз) дорад. Дар мусобиқа аз баландии 1500—2000 м, ки 7 — 8 хаму печ дорад, бо суръати 100 км/соат бо чанаҳои дуҷоя ва чорҷоя фуруд меоянд. Ин навъи варзиш охири садаи XIX дар Швейсария ба миён омада, дар Шветсия, Руминия, Полша, ИМА ва ғайра паҳн шуд. Аз соли 1924 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш