Бовар

(Тағйири масир аз Боварӣ)

Бовар (форсӣ: باور‎), ақида, эътиқод — дар илмҳои инсонӣ ва ҷамъиятшиносӣ як шакли дониши системаноки мардум аст, ки мавҷудияти қувваҳо, падидаҳо, махлуқоти фавқуттабиӣ ва таъсири онҳоро ба инсонҳо ифода мекунад.

Заминаи пайдоиш

вироиш

Заминаи пайдоиши ин гуна боварҳо тарс аз ҷон ва хавф аз маҳвшавӣ мебошад, ки дар давраҳои ҷамъияти ибтидоӣ ба вуҷуд омадаанд. Одамони ибтидоӣ сабаби ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият, хусусиятҳои физикавию биологии ашё ва гиёҳҳову ҷонваронро надониста, дар паси ҳар ҳодиса таъсири қувваҳои фавқуттабииро медиданд. Онҳо дар асоси ҳодисаҳои тасодуфӣ, монандии зоҳирии ашёи комилан гуногун ва мувофиқ омадани ҳодисаҳое, ки дар вақту фазо ҳеч гуна иртиботи сабабу натиҷа надоштанд, хулосаҳои барғалат мебароварданд. Ин донишҳо дар тӯли асрҳо борҳо тағйири шакл намуда, аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл ва аз қарн ба қарн интиқол ёфтаанд. Аз таҳқиқоти муваррихону бостоншиносон маълум аст, ки одамони ибтидоӣ дар муқобили табиати бераҳм ва пурасрор қарор доштанд ва ҳар лаҳза онҳоро хатари марг аз беморӣ, гуруснагӣ ва хунукӣ дунболагир буд. Дар ҳар қадам одами ибтидоӣ бо ҳодисаҳои номаълуму тасодуфӣ рӯ ба рӯ мешуд. Ӯ намедонист, ки барои чӣ тундару чароғак рух медиҳанд, барои чӣ борон меборад, обхезӣ мешавад ва ғ. Зимни мушоҳидаҳои батакрор зина ба зина дар шуури одами ибтидоӣ тасаввурот дар бораи нерӯҳои табиат, ки аз инсон тавонотаранд, ба вуҷуд омадааст. Ҳамин тавр инсон дар паси ҳодисаҳои табиат рӯҳҳоеро тасаввур мекард, ки дорои нерӯи фавқуттабиӣ буданд ва онҳоро худоёну фариштаҳо меномид.

Боварҳои мардумӣ

вироиш

Боварҳоро дар жанрҳои фолклорӣ ба монанди афсона, ривоят, дуо, шугун, афсун, таъбири хоб ва ғайра; дар ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур, Наврӯз, идҳои динӣ, маросимҳои мотам, тарзҳои фолгирӣ, умуман дар ҳамаи паҳлуҳои зиндагӣ дучор шудан мумкин аст. Чунончи, дар ҷашни арӯсӣ домоду арӯсро дар атрофи оташ се бор гирд мегардонанд, ба онҳо дар таги чодар ширинӣ чашонида, оина нишон медиҳанд, ба навхонадорон то чил рӯз шабона танҳо гаштан мамнӯъ аст ва монанди инҳо. Ҳар яке аз ин боварҳо решаҳои хеле қадимӣ дошта, мазмунҳои асотирӣ, таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии афкори халқи тоҷикро ифода мекунанд. Дар тайи ҳазорсолаҳо дониши инсонҳои пешина дар бораи муҳити атроф ва падидаҳои он беш аз пеш меафзуд. Одатан, онҳо дар қатори донишҳои зиёди дурусту воқеӣ, ки бозтоби ҳодисаҳои табиат буданд, донишҳои хурофотии бениҳодро низ аз худ кардаанд. Имрӯз он чи дар гуфтору амали мардум боқӣ мондааст, миқдори ночизи он донишҳои анъанавист. бовару эътиқоди хурофотӣ ва донишҳои дигари суннатӣ дар натиҷаи пешрафти илму техника тадриҷан аз байн рафта,ҷойи онҳоро донишҳои ратсионалӣ ва техникӣ ишғол мекунанд. Истилоҳи боварро дар расонаҳои иттилоотӣ, матбуот ва пажӯҳишҳои илмӣ ба тарзи «боварӣ» истифода мекунанд, ки нодуруст мебошад. Чунонки Ҳофиз гуфтааст:

Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. Д.,2004;
  • Муродов О. Дар пардаи сеҳру ҷоду. Д., 1990;
  • Муродов О. Шаманский обрядовый фольклор ӯ таджиков средней части долины Зеравшана// Домусульманские верования и обряды в Средней Азии. М., 1975.

Сарчашма

вироиш