Бодбонпардаи махсусе, ки бар тири (суккон) киштӣ барои истифода бурдан аз қувваи вазиши бод ҷиҳати ҳаракати киштӣ баста мешавад.

Киштии бодбонӣи Русия ба номи «Седов»

Бодбонҳо шаклҳои гуногун дошта, ҳангоми дар баҳр ё дарё вазидани бод барафрошта мешаванд ва дар вақти набудани бод ҷамъ карда мешаванд. Бод ба бодбон расида қувваи ҳаракат ва аэродинамикии болобардорро ба вуҷуд меорад. Одатан, бодбон барои ба ҳаракат даровардани воситаҳои шиноварӣ, баъзан дар воситаҳои нақлиётии хушкигард ва болои ях истифода мешавад (буер). Бодбонҳо рост, моил ва омехта мешаванд. Бодбони хурд аз як пораи матоъ, бодбони бузург аз якҷоя дӯхтани чанд пораи матоъ иборат аст. Ибтидо бодбонро аз матоъҳои мустаҳкам (зағирпоя, ҷут) медӯхтанд ва ҳоло матоъҳои синтетикӣ ва сунъӣ истифода мешавад. Баъзан ба ҷои матоъ (мас. дар виндсёрферҳо) плёнкаи полимерӣ низ ба кор бурда мешавад.

Бодбон намудҳои зерин дорад: рост (брифок; а), рейкавӣ (б), фоки бурида (в), лотинӣ (г), хитойӣ (д), шпринтӣ (е), гафелӣ (ж), гуарӣ (з) ва бермудӣ (и):

Бодбони рост одатан дар киштиҳои варзишӣ ва туристӣ, баъзан дар киштиҳои қадима (бриг, бригантина) ва муҳаррикдор истифода мешавад. Бодбони рейкавӣ (люгерӣ) ва фоки бурида дар заврақҳо ва киштиҳои муҳаррикдор насб карда мешавад. Бодбони хитойӣ як намуди рейкавӣ мебошад. Бодбони лотиниро дар заврақҳои нисбатан хурд (катамаран) мешинонанд. Бодбони шпринтӣ дар заврақҳои хурд, инчунин дар заврақҳои моҳигирӣ ва байдаркаҳо истифода мешавад. Бодбони гафелӣ тарҳи трапетсияро дошта, кам истифода мешавад. Шакли бодбони гуарӣ ба бермудӣ монанд буда, дар заврақҳои нисбатан хурд ба кор меравад. Бодбони бермудӣ ҳоло яке аз намудҳои асосӣ буда, дар киштиҳои сайёҳӣ ва пойгавӣ шинонда мешавад.

Адабиёт

вироиш
  • Морской словарь. М., 1959;
  • Морской энциклопедический словарь. Л., 1991;
  • Яхтенное дело. СПб., 2005.

Сарчашма

вироиш