Бодомӣ
Бодомӣ — як навъ зардолу. Дар Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва шаробкашии ба номи Р. Р. Шредер (ш. Самарқанд) рӯёнда шудааст.
Дарахташ сармобардор, тезсабзи садамонанд, навдаҳои яксолааш борик ва дароз. Баргаш калон, паҳни нӯгтез, рӯяш суфтаи андак тӯрдор, сабзи баланд. Мевааш миёнаҳаҷм (вазнаш 28-33 г), дарозрӯяи бодомшакл (дар мобайнаш чок дорад), сабзи зардтоб, пӯсташ ғафс ва сахти бепашмак (ба навъи лучаки зард монанд аст), ҳангоми шамол бисёр мерезад. Гӯшташ ғафс, хамирак, серобу ширин ва хуштаъм; бӯи атргули сафеди навшукуфтаро дорад. Донакаш калон, лӯндаи дарозрӯя, бодоммонанд. Мағзаш сабзчаи зард, ширин. Даври нашваш 135—140 рӯз. Охири март гул карда, мевааш аввали июл пасопеш мепазад. Бинобар ин онро дар ду навбат ҷамъоварӣ мекунанд. Меваашро асосан дар тариаш мехӯранд, зардолуоб, ғӯлингу баргак тайёр мекунанд, мураббо мепазанд. Барои нигоҳ доштан ва кашондан нобоб аст. Дарахташ ба камобӣ тобовар буда, дар заминҳои лалмӣ ҳосили фаровон медиҳад. Меваҳои дар сари дарахт хушкидааш зарди тилоранг мешаванд. Дарахтони алоҳидаи бодомӣ дар боғҳои кӯҳнабунёди ноҳияи Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент ва водии Ҳисор дучор меоянд. Ба касалии доғзании баргу мева устувор аст; аз ҳашароти зараррасон — пармачии зардолу зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Костина К. Ф. Абрикос. М., 1936;
- Пулатов А. Таджикский абрикос. Д., 1976;
- Помология Узбекистана. Ташкент, 1983.
Сарчашма
вироиш- Бодомӣ / Ф. Урунов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.