Бодхез (парваришгоҳ)

Бодхез — қӯруқ (парваришгоҳ) дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Туркманистон, дар доманаи кӯҳи Парупомиз, байни дарёҳои Таҷан ва Мурғоб. Масоҳаташ 87,64 га.

Бодхез
Таърихи таъсис 1941
Радаи манотиқи ҳифозатшудаи IUCN IUCN category Ia: Strict Nature Reserve[d]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Марй
Макони кунунӣ
Навъи асари бостонӣ Tentative World Heritage Site[d]
Меъёри баргузидагии ЮНЕСКО (vii)[d], (ix)[d] ва (x)[d]

Таърих

вироиш

Соли 1941 барои муҳофизати ландшафтҳои (манзараҳои) нодири баландии Бодхез, пастхамиҳои Ёр-Ойлан-Дуз ташкил ёфт.

Набототу ҳайвонот

вироиш

Бодхез аз биёбонҳои регзор, даштҳои сералафи субтропикии ғешазор ва бешаҳои камдарахти пистазор иборат аст. Олами набототаш ғанӣ буда, 700 намуди гулу рустаниҳои нодир аз қабили лолаи кӯшкӣ, гули минои ориёӣ ва қариб 60 намуд рустаниҳои эндемӣ мавҷуд аст. Дар олами ҳайвоноти бодхез 42 намуд ҳайвоноти ширхӯр, 268 намуд паранда, зиёда аз 35 намуд хазанда, як намуд ҳайвони дубаҳра (амфибия) мавҷуд буда, дар байни ҳайвоноти ҳифзшаванда мори чашмкалони чипори безаҳр, кафтор, паланги қадимии осиёгӣ, оҳуи даштӣ, ҷайра, гӯрхар ва аз парандаҳо зоғи хокистарранг, шоҳин (лочин) маъмуланд. Бодхез ягона ҷоест, ки дар шароити табиӣ гӯрхар (тақр. 700 сар) боқӣ мондааст. Дар кӯҳҳо гӯсфанди кӯҳӣ, бузи безоарӣ, қашқалдоқи бемӯй ҳаст. Ба бодхез парандагон барои зимистонгузаронӣ меоянд.

Сарчашма

вироиш