Бодхӯрда
Бодхӯрда — бемории музмини илтиҳобии бофтаю рагҳо.
Бодхӯрда |
---|
eMedicine | / |
---|
Бодхӯрда бештар дар занҳои синни таваллуд пайдо мешавад. Сабаби беморӣ маълум нест. Тахмин мекунанд, ки он бар асари сирояти ниҳонии вирусҳо, ихтилоли ғадудҳои усораи дохилӣ ва тамоюли ирсии одам ба вуҷуд меояд. Баъзе доруҳо (мас., гидралазин, изониазид ва ғайра) низ метавонанд муҷиби бемориҳои шабеҳи бодхӯрда шаванд. Бодхӯрда навъҳои гуногун дорад. Хусусан бодхӯрдаи системавӣ бештар дучор меояд. Ҳангоми он узвҳои дохилӣ, дастгоҳи такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои марказӣ осеб меёбанд. Беморон аз сустию беҳолӣ, лоғарӣ, рехтани мӯй, табу тасф шикоят мекунанд; дар маҳалли байни абрувон ва рухсора эритемаи монанд ба шапалак ба вуҷуд меояд; дар луобпардаи даҳон доначаҳо медаманд; рух намудани артрит, артралгия, осеби бандҳои зону, оринҷ ва банди даст, дарди устухону мушакҳо, перикардит, перитонит, миокардит, эндокардит, васкулит ва ғ. низ мумкин аст. Дар мавриди бодхӯрда пӯст низ зиён мебинад. Бодхӯрдаи пӯст қурсшакл, амиқ ва сатҳӣ мешавад. Ҳангоми бодхӯрдаи қурсшакл дар бинӣ ва рухсора доғҳои гирдаи сурх пайдо шуда, онҳо тадриҷан шакли шапалакро мегиранд. Ҷараёни беморӣ дуру дароз аст (баҳору тобистон хурӯҷ мекунад). Аломатҳои бодхӯрдаи амиқ бештар дар манаҳ, гоҳо дар тан, нишонаҳои бодхӯрдаи сатҳӣ дар бинӣ ва рухсора падид меоянд.
Табобати бодхӯрда бояд дар беморхона оғоз ёбад. Барои беморони бодхӯрдаи пӯст кор дар зери офтоб, коргоҳҳои гарм, ҳамчунин тамос бо моддаҳои кимиёӣ манъ аст. Онҳо бояд баҳору тобистон аз кремҳои муҳофиз истифода кунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бодхӯрда // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.