Боз
Боз — номи умумии чанд намуд парандаҳои соҳибчангол (шоҳин, рав, чарғ, шунқор, боша ва ғайра).
Дарозии танашон 21–50 см; болҳои дарозу тез, думи кӯтоҳ, парҳои дурушти зич доранд. Дар дарахт, ҷарӣ, камари харсанг тухм (2–6-то) мегузоранд; баъзан лонаи дигар парандаҳоро ишғол мекунанд. Ғизои Б. ширхӯрҳои майда, хазандаҳо, ҳашарот мебошад. Парандаҳо ва ҳашаротро дар парвоз шикор мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдусалямов И. А. Фауна Таджикской ССР. Т. 19, ч. 1, Птицы. Д., 1971.
Сарчашма
вироиш- Боз // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.