Бозгашти адабӣ (форсӣ: بازگشت ادبی‎) — падидаи муҳимме дар адабиёти асрҳои 18-19 дар Эрон. Аксари муҳаққиқоне, ки дар хусуси бозгашти адабӣ андеша рондаанд, онро чун сабки тозаи адабӣ ба қалам додаанд. Яҳёи Ориёнпур онро нtҳзати адабӣ ва Даниил Комиссаров «Мактаби шоирон» номидааст. Бинобар ин бозгашти адабӣ-ро на сабк, балки равияи адабӣ гуфтан беҳтар аст, зеро аз лиҳози сабку услуб осори бадеии ин давра аз офаридаҳои сабкҳои хуросонию ироқӣ тафовути ҷиддие надорад.

Чунонки маъмул аст, дар асрҳои 16-18 мураккабию печдарпечии сухан, хаёлбофию суханбозиҳои сабки ҳиндӣ пайваста бо дигар омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ боиси таназзули ҳаёти адабӣ гардиданд. Аз ин рӯ, адибон барои раҳоӣ бахшидани адабиёт аз ин парешониҳо роҳи асосиро дар рӯ овардан ба сабкҳои хуросонию ироқӣ диданд. Бад-ин васила равияи тозае дар шеъру адаб ба вуҷуд омад. Шоирони ин давра асосан ба тарзи баёни суханварони асрҳои 10-14 пайравӣ мекарданд. Дар мавриди аввалин шоире, ки асоси ин равияро гузоштааст, ё дар ташаккули он бештар хидмат кардааст, муҳаққиқон андешаи гуногун доранд. Аз ҷумла, Нусрати Таҷрибакор аз роҳнамоёни бозгашти адабӣ Ҳотифи Исфаҳониро муқаддам бар дигарон мешуморад. Иброҳими Сафоӣ, Наҷотӣ ва Лутфалии Суратгар Фатҳалихони Саборо поягузори ин равия медонанд. Чанде аз донишмандон, монанди Маликушшуаро Баҳор, Аббос Иқбол ва Яҳё Ориёнпур шоири намоёни нимаи аввали асри 18 Сайидалии Муштоқро асосгузори бозгашти адабӣ шуморидаанд. Дар воқеъ, Муштоқ яке аз нахустин шоиронест, ки аз сабки ҳиндӣ рӯ ба сабкҳои қадими шеъри форсӣ овард ва дар Исфаҳон бо номи «Муштоқ» анҷумани адабие таъсис дода, шоиронро дар ин равия роҳнамоию ташвиқ мекард. Дар ин давра бо пуштибонии Нишоти Исфаҳонӣ дар Исфаҳон анҷумани «Нишот» ва бо сарварии Фатҳалишоҳи Қоҷор дар Теҳрон анҷумани «Хоқон» амал мекард, ки фаъолияти онҳо низ ба тарғибу ташвиқу тарвиҷи бозгашти адабӣ нигаронида шуда буд. Бад-ин васила равияи бозгашти адабӣ ба зудӣ дар саросари Эрон паҳн шуд ва аз ҷониби шоирон хуб дастгирӣ ёфт. Аксари адибони давр аз сабки ҳиндӣ, ки сабке душворфаҳм буд, даст кашида, рӯ ба равияи бозгашти адабӣ оварданд ва дар пайравии шоирони қадим, мисли Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Муиззӣ, Саъдӣ, Ҳофиз эҷод мекарданд. Ба таъбири дигар, асоси равияи мазкурро тақлиду пайравӣ ба сабкҳои пешин ташкил медод.

Татаббуъ ва назиранависӣ дар тамоми давраҳои таърихи адабиёти Эрон маъмул буд, вале дар давраи бозгашти адабӣ он ривоҷ ёфта, ба рукни асосии ин равия табдил ёфт. Дар эҷодиёти шоирони ин давра тарзи маъмулу суннатии назиранависӣ, ки шеъри гузаштаро аз ҳар ҷиҳат — ҳам аз лиҳози қолабу шакл, ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа пайравӣ намуда, аксаран як мисраи шеъри мавриди татаббуъро иқтибос мекарданд, мушоҳида мешавад. Тазмину назираҳои устодона ба шеърҳои Фаррухӣ, Анварӣ, Муиззӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз дар девони ашъори Сабо, Суруши Исфаҳонӣ, Қоонӣ ва амсоли онҳо бештар ба назар мерасад. Вале як гурӯҳ шоирони ин давр, аз қабили Нишот, Миҷмар, Висол, Фурӯғӣ усули дигари пайравиро пеш гирифтанд, ки онро пайравии куллӣ ё умумӣ номидан мумкин аст. Дар эҷодиёти ин шоирон, махсусан, дар ғазалиёти онҳо беш аз ҳама таъсири амиқи эҷодиёти Саъдию Ҳофиз мушоҳида мешавад.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои адабиёти давраи бозгашти адабӣ, ки муҳаққиқон ба он ишора кардаанд, содагии шаклу усул аст. Тақлиду пайравӣ ба шеъри шоирони гузашта доираи назар ва чашмандози адибони даврро маҳдуд кард. Кӯшиши шоирон бештар ба он равона шуда буд, ки сабку тарзи андешаву баёни шоирони пешинро аз нав барқарор намоянд. Аз ин ҷост, ки дар осори онҳо рӯҳи замон, муҳимтарин хусусиятҳои ҳаёти иҷтимоии давр хеле кам эҳсос мешавад.

Бо вуҷуди ин равияи бозгашти адабӣ дар содатару ба мардум наздиктар кардани адабиёт таъсири муҳим гузошта, барои ташаккули адабиёти маорифпарварӣ ва демократии Эрон дар ибтидои асри 20 заминаи мусоиде фароҳам овард.

Адабиёт

вироиш