Бозии сареъ — аз бозиҳои роиҷ дар шатранҷ, ки ҳангоми он барои як дидор на беш аз як соат (ба ҳар як рақиб на беш аз 30 дақ.) вақт дода мешавад.

Қоидаҳои бозии сареъ соли 1987 дар Маҷмаи кулли Федератсияи байналмилалии шатранҷ (ФБШ) дар ш. Севил ба тасвиб расидаанд. Ин қоидаҳо чунинанд: 1) ҳар як бозигар вазифадор аст то замоне, ки на кам аз 5 дақ. фурсат дорад, ҳаракатҳоро сабт кунад; 2) бозигар тугмачаи соатро бояд бо ҳамон дасте пахш кунад, ки муҳра меронад; 3) агар парчами яке аз бозигарон сарнагун шавад, рақиби ӯ бояд фавран соатро аз ҳаракат боздорад ва барои сабти пирӯзии хеш доварро огоҳ кунад; 4) агар парчами ҳар ду бозигар сарнагун шавад, ин дидор мусовӣ эълон мешавад; 5) дар ин маврид дидорҳо низ мусовӣ шумурда мешаванд — агар дар рӯйи тахта фақат боқӣ монда бошад: а) ду шоҳ муқобили ҳам; б) шоҳе алайҳи шоҳ ва як муҳраи сабук (асп ё фил); в) шоҳ ва филе алайҳи шоҳ ва фил, ки дар зимн ҳамранг низ бошанд; 6) илова бар ин нишондодҳо яке аз рақибон ҳақ дорад бо ин шароит дар бозӣ дархости мусовӣ кунад: а) ҳарифи ӯ танҳо бо як шоҳ мондааст; б) ӯ кишти доимӣ эълон мекунад; в) ҳарифаш амалан имкони пирӯзӣ надорад. Дар асоси қарори Маҷмаи кулли ФБШ аз соли 1988 чемпионатҳои иозии сареъи Аврупо ва ҷаҳон барпо мегарданд. Нахустин чемпиони ҷаҳон дар ин намуди шатранҷ Анатолий Карпов мебошад.

Адабиёт

вироиш