Бозии ҳамзамон — мусобиқаи шатранҷи оммавӣ, ки дар он нафаре ҳамзамон бо чандин нафари дигар бозӣ мекунад.

Дар ин намуд бозиҳо, тибқи қоида, бозигари касбии сатҳи баланд ҳатман бо муҳраҳои сафед бо гурӯҳи бозигарони ҳаваскор ба рақобат мепардозад. Тақр. тамоми чемпионҳои ҷаҳон маҳорати худро дар ин бозӣ намоиш додаанд. Бозии ҳамзамон аз тадбирҳои муассирест, ки ба воситаи он машғулиятҳои маърифатӣ ба монанди шатранҷ тарғиб мешавад. Чунин бозиҳо барои шатранҷбозони ғайрикасбӣ амалан имкони ягонаеанд, ки ба таври мустақим бо рақиби касбии сатҳи баланд қувва озмоянд. Ин дар ҳолест, ки бозигари касбӣ нерӯи хешро то андозае дар баробари рақибони зиёд коҳиш медиҳад ва барои бозигари хуб умеде ба пирӯзӣ фароҳам меояд. Дар навбати худ бозигари касбӣ аз чунин мусобиқа имкони пайдо кардани дастмузд меёбад (ширкат барои ҳавасмандони ин мусобиқа, чун қоида, маблағ мехоҳад).

Таърихи шатранҷ собиқ чемпионҳои ҷаҳон — Х. Капабланка, А. Алёхин ва М. Талро аз истеъдодҳои бузурги бозии ҳамзамон мешуморад. Дастовардҳои устодон дар бозии ҳамзамон бо мурури замон афзун мешавад. Чунончи, то нимаи аввали асри 20 рекорди шумораи дидорҳо дар ин мусобиқаҳо андаке бештар аз 100 буд, аммо гроссмейстери эронӣ Эҳсони Қоиммақомӣ 8 феврали 2011 дар Теҳрон тавонист ҳамзамон бо 604 нафар рақобат ва рекордшиканӣ кунад. Ин мусобиқа 25 соату 5 дақ. тӯл кашид ва Қоиммақомӣ дар 580 дидор пирӯз шуд, 8 бозии дигар мусовӣ ва танҳо дар 16 бозӣ бохт. Дар бозии ҳамзамон боз як рекорди дигар дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст, ки он устоди шатранҷбоз Жужа Полгари маҷористонист. Полгар дар зарфи 16 соат тавонист 1136 дидорро анҷом диҳад ва нишондоди замонии ӯ бо ин теъдод рақибон дар олами шатранҷ бесобиқа аст.

Адабиёт

вироиш