Бозон ибни Сосон (форсӣ: باذان پسر ساسان‎, гоҳ Бозом, Бодом) — охирин фармонравои эронӣ дар Яман дар замони салтанати Хусрави II ва ба ҳангоми давраи оғози ислом.

Бозон ибни Сосон
Таваллуд
Фарзандон Q20405171?
Эътиқод суннӣ

Бозон баъд аз Хурра Хусрав аз ҷониби шоҳ Хусрави Парвиз (ҳукмронӣ 590—628) ҳокими Яман таъйин гардид. Баъзе муаррихон насаби Бозон-ро ба воситаи Ваҳраз ба хонадони Сосониён расонидаанд. Бозон аз мардуми эронии муқими Яман буд, ки онҳоро «абно» мегуфтанд. Тағйироти бавуҷудомада дар Арабистон ва Эрон, аз ҷумла устувор шудани мавқеи тоҷирони араб дар бандарҳои тиҷоратӣ, роҳҳои бузурги корвонгард ва ҳуҷуми қабилаҳои араб ба сарҳадҳои ғарбии Эрон аз Бозон омодагии доимии ҳарбиро тақозо мекард. Бозон дар иттифоқ бо ҳамдониён сарҳадҳои ғарбии давлати Сосониёнро аз ҳуҷуми ғоратгаронаи қабилаҳои бодиянишини араби Тамим, Шайбон ва Мизҳаҷ муҳофизат кард. Яке аз вазифаҳои Бозон чун дигар ҳокимони Яман расонидани ахбори авзои сиёсии Арабистон ба Эрон буд. Бозон хабари дар Арабистон зуҳур кардани пайғамбар Муҳаммад (с)-ро ба дарбори Тайсафун расонд, вале аз ҷониби Сосониён ҳеч вокунише нишон дода нашуд. Танҳо баъди ирсоли нома аз ҷониби Муҳаммад (с) дар бораи қабули дини ислом ба дарбори Сосониён (соли 628) Бозон бо супориши Хусрави Парвиз ду нафар намояндаи худ — Бонуя (Додвуя) ва Хурра Хусравро барои дастгир кардани пайғамбар (с) ба Арабистон фиристод. Пайғамбар (с), ки дар муҳорибаи Худайбия хабари кушта шудани Хусрави Парвиз аз ҷониби писараш Ширӯяро шунида буд, ба сафирони Бозон расонид. Баъди тасдиқ шудани ин хабар аз дарбори Тайсафун Бозон аз озори минбаъдаи пайғамбар (с) даст кашид. Ба қавли Ибни Саъд баъд аз мусулмон шудани Бозон (соли 629) Муҳаммад (с) ҳокимияти ӯро дар Яман эътироф кард. Баъди фавти Бозон ҳукумати Яман дар байни чор нафар тақсим шуда, писараш Шаҳр ибни Бозон ҳокими Санъо таъйин гардид.

Адабиёт

вироиш