Бозор
Бозор (форсӣ: بازار — bâzâr[1][2] ← порсии миёна: wāzār[3] ← порсии бостон: vāčar ← эронии бостон: *wahā-čarana[4] аз *wahā- «додуситад кардан» + *čārana- «гаштугузор кардан»[5]) — ҷойи додуситад ва хариду фурӯши коло, маҳаллм иҷтимоъ ва додуситади фурӯшандагону харидорон.
Ном
вироишВожаи бозор аз порси миёна возор (wāzār), аз порсии бостонии вочор (vāčar) сарчашма мегирад:
- муҳавватае маъмулан монанди як майдон, ки дар он фурӯшандагон колоҳои худро мефурӯшанд;
- гузаргоҳи сарпӯшидае, ки дар сӯи он дуконҳое барои арзаи коло ба харидорон вуҷуд дорад;
- ҷойе, ки дар рӯзҳои хоссе аз ҳафта дар он бисоти хариду фурӯш доир мекунанд;
- (маҷозӣ) хариду фурӯш; вазъи иқтисодӣ;
- (иқтисод) шабакаи хариду фурӯши колоҳо ва хадамот[6].
Таърих
вироишБозор таърихи қадимӣ дорад. Дар аҳди Сосониён (226–651) бозор равнақи зиёд гирифт ва дар Тайсафуну Селевкияи Қадим бозорҳои коҳфурӯшон машҳуру маъруф будаанд. Дар ин давра гирдогирди шаҳрҳоро деворе ба номи бора (ҳисор) иҳота карда, тоҷирону косибон дар қисмати дарунии он мезистанд ва молу маноли худро ба деҳқонон ва муздурону камбағалон, ки берун аз девори шаҳр бошишгоҳ доштанд, пешниҳод мекарданд. Дар нахустин садаҳои даврони исломӣ бо васеъшавии шаҳрҳо шаҳрнишинон кам-кам маҳалли сукунати худро аз дохили шаҳрҳо ба берун бурданд ва бозорҳо дар дохил монданд.
Дар давраи давлатдории Сомониён (882–1100) шаҳр густариши бештар ёфта, бахше аз хонаҳои он берун аз бора сохта шуданд ва андак-андак бозорҳо дар миёни хонаҳо ҷой гирифтанд. Бозорҳо растаҳои борику дарозе доштанд, ки дукону ҳуҷраҳои бозаргонон ва косибон дар ду сӯйи он қарор доштанд. Маҳалли буриши растаи бозорҳоро чаҳорсӯ меномиданд. Чаҳорсӯҳо муҳимтарин бахши бозор ва бозорҳо яке аз рукнҳои асосии шаҳрҳои он замон ба шумор мерафтанд. Масҷиди ҷомеи шаҳрро, одатан, дар канори бозор ва бештар дар чаҳорсӯҳои бузурги бозор месохтанд. Бозори бештари шаҳрҳо хонақоҳ, гармоба, обанбор ва ғ. доштанд. Бахшҳои муҳимми дигари бозорҳо корвонсаро, хон ё саро (ҳуҷраҳо), тим (бозори махсуси болопӯшида) ва тимча буданд. Корвонсаро ҷойи фуруд омадан, манзил кардани корвонҳо, анбор кардани молу амволи онҳо ва ҳамлу нақл ба бозорҳои дигари шаҳр будааст.
Бозор минтақаи муайяне барои додугирифт ва ниҳоди муҳимми иқтисодию иҷтимоист, ки фаъолияти онро шахсони махсус аз бозаргонони хурду бузург идора мекунанд. Бозор калима ва хосси форсӣ буда, ба сарзаминҳои дигари ҷаҳон, ба монанди Туркия, Ҳиндустон, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Русия рафтааст. Намунаҳои бозор аз гузаштаҳои дур дар сарзаминҳои таърихии тоҷикон ва Эрон ва баъзе аз қаламравҳои кӯҳани ҷаҳон вуҷуд доштааст. Бозор ҳо, одатан, дар маркази шаҳрҳо ҷой гирифта, шаклу меъмории хос доранд. Бозор дар тамоми кишварҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии ҷомеа нақши муассир доштааст.
Бозорҳои доимӣ
вироишБозорҳои доимӣ бозорҳое ҳастанд, ки бар асари васеъшавии шаҳрҳо ва вусъатёбии бозоргонӣ дар шаҳр падид омадаанд. Ин бозорҳо маркази аслии додугирифту тиҷорат дар шаҳрҳо ҳастанд ва дар иқтисоди мардуми шаҳрнишин нақши муҳимме доранд. Бозори доимӣ, маъмулан, маҷмӯаи мустақил аз растаи бозорҳо, тим ва тимчаҳо, корвонсаройҳо, майдонҳо, биноҳои мазҳабӣ, мадраса, ҳаммом ва дигар маконҳои умумӣ, монанди маҳалҳои ғизохӯрӣ ва қаҳвахонаҳо, чойхонаву ошхонаҳо аст. Тоҷирону ҳунармандон ва косибон дар дуконҳои хурде вобаста ба пеша ва молу маводди худ дар растаҳо, яъне, гузаргоҳҳо ва бозорҳои хурди сафии мустақил бо хариду фурӯш мепардозанд (растаи заргарон, мисгарҳо, фурӯши қолинҳо, асбобу олоти рӯзгор ва ғ.). Дар бозор касе сукунат надорад, ҳангоми шаб ва рӯзҳои истироҳат онҳоро мебанданд.
Бозорҳо, маъмулан, аз се бахши аслӣ иборатанд: растаҳо (гузаргоҳи бозор), маҷмӯаи хон ё саро ва корвонсаро, инчунин маҷмӯаи болопӯшидаи тим, тимча ва рафҳо ҳастанд. Дар ҳар шаҳр, маъмулан, як ё якчанд бозори бузург ва чандин бозори болопӯшида ё кушоди на он қадар калон вуҷуд дорад. Дукондорони ин бозорҳо ниёзҳои рӯзмарра ё ҳафтагии мардуми маҳаллаҳоро таъмин мекунанд.
Бозор дар ҷомеаҳои шаҳрӣ аз гузашта то ба имрӯз нақш ва аҳаммияти махсус доштааст. Муҳимтарин нақши бозор нақши иқтисодии он аст, ки мисли як қонуни додугирифт, бахусус бозоргонӣ, мубодилаи байни фурӯшандаву харидор молу чизҳои гуногунро барқарор ва дар натиҷа арзиши молҳоро муайян менамояд. Ҷараёни додугирифти молу мавод дар бозор ба сиёсати иқтисодии давлат таъсири зиёд мерасонад. Бозор маконест, ки рукуд ва равнақи иқтисодӣ дар он ошкор мешавад. Бозор, одатан, макони ҷамъшавӣ ва рафтуомади пайвастаи мардуми касбу корашон гуногун буда, хабарҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, мазҳабию фарҳангӣ ва воқеаҳои баамаломада дар ин ҷо босуръат аз даҳон ба даҳон гузашта, дар шаҳр паҳн мешаванд.
Бозори муваққатӣ
вироишБозори муваққатӣ барои мубодила ва ё фурӯши чорво, маҳсулоти кишоварзӣ, маснуоти дастӣ ва молҳои саноатӣ дар деҳаҳо, шаҳрҳо, маконҳои алоҳида дар вақтҳои муайян барпо мешавад. Бозорҳои ҳаррӯза, ҳафтагӣ, дуҳафтагӣ, мавсимӣ, солона ва бозорҳои намоишгоҳӣ аз навъи бозорҳои муваққатианд. Бозори ҳаррӯза дар маҳаллаи як шаҳр барпо мешавад. Бозори ҳафтагӣ, монанди ҷумъабозору шанбебозор, мошинбозор, молбозор дар як ҳафта як бор дар ҷойи муайян баргузор мегардад ва дар деҳот на танҳо маҳалли додугирифт, балки маҳалли диду боздиди сокинон низ мебошад.
Бозорҳои мавсимӣ
вироишБозорҳои мавсимӣ дар фаслҳои баҳору тобистон ба муддати якчанд рӯз барпо мешаванд. Замони баргузории ин бозорҳо бо ниёзҳои мавсимӣ ё ҷамъоварии ҳосил (ҷашни ҳосилот) ҳамоҳангӣ дорад.
Бозоршаб
вироишБозоршаб ё бозори шаб дар гузашта дар Осиёи Миёна, дар шаҳрҳои калон, одатан, дар рӯзҳои ид ва моҳи Рамазон барпо мегардид. Бозоршаб дар яке аз хиёбонҳои калони шаҳр ё майдони махсус ташкил шуда, дар канори кӯчаҳо, дар дуконҳову чойхонаҳо чорпояву пешхонҳо гузошта, анвои шириниҳо, меваҳои гуногун ва ғизоҳо омода ва пешниҳоди мардум мешуданд. Ин яке аз анъанаҳои дар айни замон фаромӯшшудаи мардуми мост.
Бозори иқтисодӣ
вироишҲоло истилоҳи бозор мазмуни васеъ гирифта, мақсади он расондани мафҳумҳои гуногуни иқтисодӣ мебошад. Мас., бозори нафт, бозори ҷаҳонӣ, бозори сиёҳ, бозори муштарак, бозори кор. Бозори муштараки Аврупо ё Ҷомеаи иқтисодии Аврупо созмонест, ки гурӯҳе аз кишварҳои аврупоӣ ташкил додаанд. Давлатҳои Олмон, Англия, Итолиё, Испониё, Ирландия, Белгия, Португалия, Дания, Фаронса, Люксембург, Ҳолланд, Юнон, Шветсия, Австрия ва Финландия узви ин созмонанд. Ҳадафи ин созмон беҳтар кардани зиндагии мардуми кишварҳои узв ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои иқтисодию иҷтимоии онҳост. Яке аз меъёрҳои аслии бозори муосир мавҷудияти рақобат мебошад. Барои он ки бозор рақобатпазир бошад, дар он бояд якчанд харидор ва фурӯшандаи аз ҳам новобаста ширкат намоянд. Навъҳои бозор: маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҷаҳонӣ, истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон, муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои истеҳсолӣ, мол ва хидматрасонӣ, молиявӣ, моликияти зеҳнӣ, маҳдуд, фаровон, омехта, асъор, фаврӣ, молиявӣ, захиравӣ ва бозори «сиёҳ».
Дар Тоҷикистон
вироишБа арсаи вуҷуд омадани давлатҳои соҳибистиқлол моликияти хусусиро аз нав зинда сохта, барои вусъати муносибатҳои бозорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла дар Тоҷикистон ба ҳаёт татбиқ намудани иқтисоди бозорӣ бо марҳалаи сифатан нав ворид гардид. Қаблан дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои бозорӣ хеле маҳдуд буд. Имрӯз бо кӯшиши ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бозор ва марказҳои боҳашамату бузурги тиҷорат чӣ дар пойтахти кишварамон ва чӣ дар вилоятҳову ноҳияҳои он бунёд шудаанд ва мешаванд. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз бо бисёр кишварҳои ҳамсоя ва хориҷии дуру наздик муносибатҳои тиҷоратии мустаҳкам барқарор намудааст ва он, қабл аз ҳама, ба манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии кишвари мо ба роҳ монда шудааст. Барои рушду такомули муносибатҳои бозорӣ марказҳову ширкатҳои зиёди тиҷоратие фаъолият доранд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд. Айни замон бунёди бозорҳо дар замина ва сохти анъанавии бозорҳои қадимӣ дар бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ аломати дилбастагӣ ба меъмории ниёгон мебошад. Дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон бозорҳои нави сарҳаддӣ бо кишварҳои ҳамсояи Чин, Қирғизистон ва Афғонистон ташкил шудаанд, ки барои мустаҳкамшавии дӯстии халқҳову кишварҳо, беҳсозии вазъи иҷтимоию шароити зиндагии сокинони ҷонибҳо нақши муҳим мебозанд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ bazaar(англ.). Online Etymology Dictionary(пайванди дастнорас — таърих). www.etymonline.com. 26 сентябри 2019 санҷида шуд.
- ↑ John Ayto. Word Origins. — Bloomsbury Publishing, 2009. — С. 104. — 1012 с. — ISBN 9781408101605. нусхаи бойгонӣ. 17 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2020.
- ↑ Touraj Daryaee, Tūraǧ Daryāyī. The Oxford Handbook of Iranian History. — Oxford University Press, USA, 2012. — С. 8. — 433 с. — ISBN 9780199732159. нусхаи бойгонӣ. 17 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 июли 2020.
- ↑ Benveniste, Émile; Lallot, Jean Chapter Nine: Two Ways of Buying(англ.) // Indo-European Language and Society : Section Three: Purchase. — University of Miami Press, 1973. — 1 January. — ISSN 978-0-87024-250-2. Архивировано из первоисточника 29 Январ 2021.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. — С. 371-372. — 585 с. — ISBN 978-600-6143-58-3.
- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги сухан. — 2. — Теҳрон: Сухан, 1382. — С. 750-751. — 1543 с. — ISBN 964-6961-91-6.
Адабиёт
вироиш- Бозор / К. Раҷабов, И. Раҳматуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.