Бозори замонатӣ
Бозори замонатӣ, бозори ипотекӣ — бозори дуюмин, ки қисми бозори сармоя мебошад.
Вазифаи асосии бозори замонатӣ таъмини маблағгузории қарзҳои замонатӣ аст. Дар бозори замонатӣ коғазҳои қиматноки замонатӣ — гаравнома (гаравхат), вомбаргу тасдиқномаҳои замонатӣ, шаҳодатномаҳои гарав ва ғ. дар гардиш мебошанд. Коғазҳои қиматноки замонатиро муассисаҳои махсусгардонида, ширкатҳои истеҳсолию молиявӣ (корпоратсияҳо, фондҳо, агентиҳо) мебароранд. Бонкҳо ба ин гуна ташкилот ҳуқуқи аз қарзгир гирифтани гаравхатро мефурӯшанд. Ин имкон медиҳад, ки маблағ ба бонк бетаъхир баргардонда шавад. Ҳамзамон ширкатҳои бароришу молиявӣ дар асоси қарзҳои бадастоварда коғазҳои қиматноки худро мебароранд. Онҳо дар бозори фонд гардиш карда, ба бозори замонатӣ маблағи сармоягузорҳоро ҷалб менамоянд. Амалиёти бозори замонатӣ бо мақсади ба даст овардани даромад аз ҳисоби хариду фурӯши коғазҳои қиматноки замонатӣ сурат мегирад. Дар бозори замонатӣ бонкҳои замонатӣ ва тиҷоратӣ, ширкатҳои суғурта, фондҳои маблағгузор, ки ба фирмаҳои сохтмон ва заминдорон қарз медиҳанд, фаъолият менамоянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бозори замонатӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.