Бозори кор, бозори меҳнат — соҳаи талаботу пешниҳод ба қувваи корӣ.

Бозори кор барои ба муҳлати муайян фурӯхтани нерӯи корӣ мусоидат мекунад. Объекти хариду фурӯш дар бозори кор қувваи корӣ, малака, тахассус ва қобилияти меҳнат аст. Бозори корба маънии том силсилаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷамъият буда, барои таъмини муттасилу бомароми таҷдиди нерӯи корӣ ва истифодаи босамари меҳнат мусоидат мекунад. Муносибат дар бозори кор аз ҷониби мақомоти ҷамъиятӣ ва давлатӣ танзим карда мешавад.

Бозори кор бахши муҳимми ҳама гуна системаи иқтисодӣ аст, зеро вазъи он дар бештари мавридҳо суръати рушди иқтисодии давлатро муқаррар месозад. Дар шаро­ити рақобати озод талабот ба нерӯи корӣ зери таъсири ду нишондоди асосӣ — музди ҳақиқии меҳнат ва арзиши маҳсули ниҳоии меҳнат (маҳсули меҳнатӣ коргаре, ки аз ҳама охир киро карда шудааст) ташаккул меёбад. Меҳнати коргари кироя бевосита ба дараҷаи музди меҳнат во­баста аст: музди кор ҳар қадар зиёд бошад, дараҷаи пешниҳоди қувваи корӣ ҳамон қадар меафзояд.

Бозори қувваи корӣ тарзи ҷамъиятию иқтисодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ ва роҳи ба системаи иқтисодӣ ворид сохтани нерӯи корист. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нерӯи корӣ мол буда, баҳо ва арзиш дорад. Бозори қувваи корӣ аз рӯйи системаи муносибат байни харидор (корфармо), фурӯшанда (молики қувваи корӣ) ва зерсохтор (инфраструктура) тавсиф меёбад. Субъектҳои асосии бозори қувваи корӣ коргари кироя ва корфармо буда, онро даллолон пурра мегардонанд.

Адабиёт

вироиш