Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ

Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ — маҷмӯъи муносибатҳои хариду фурӯш дар низоми ҷаҳонии сотсиализм.

Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ баъди Ҷанги ҷаҳонии дувум бинобар ташаккули системаи сотсиалистии хоҷагидорӣ ва ба роҳ мондани савдои берунӣ бо давлатҳои сотсиалистӣ арзи ҳастӣ карда буд. Асоси мубодилоти молии бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ тақсимоти байналмилалии меҳнат маҳсуб мешуд.

Дар Иттиҳоди Шӯравии Сотсиалистӣ се шакли бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ муравваҷ буданд:

  • давлатӣ
  • кооперативӣ
  • колхозӣ

Мубодилоти молии мамолики сотсиалистӣ ба пешрафти техникӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, беҳтар гардидани сифати молҳои сермасраф ва ғ. мусоидат намуд. Дар бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ ҳиссаи бештари савдои берунӣ дар ихтиёри сохторҳои марбутаи давлатӣ (Вазорати савдои хориҷӣ) қарор дошт. Дар ин тиҷорат кооператсия саҳми андакеро соҳиб буд. Бинобар ин душвориҳо пеш омаданд. Аъзои бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ маҷбур шуданд, ки рӯ ба ҳамгироии иқтисодии ҷаҳони сотсиалистӣ оранд, истеҳсолоти саноатиро махсус гардонанд. Ба ҳамин васила коргоҳҳои нави истеҳсоли техникаи замонавӣ бунёд ёфтанд. Хоҷагидории сотсиалистӣ ба низоми фаъолияти нақшавӣ асос ёфта буд. Аз ин лиҳоз бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ низ дар асоси нақша амал мекард ва имконоти ба мадди назар гирифтани вазъи бозорро надошт. Кулли қарордодҳо марбут ба нақшаҳои давлатӣ, равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва ғайра буданд. Дар ниҳояти кор муносибатҳои иқтисодии давлатҳои шарик сард гашта, муҷиби костани муттафиқию рафоқат ба Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ / Б. Исоматов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
  • Дихтяр Г. А. Советская торговля в период социализма и развернутого строительства коммунизма. М., 1965;
  • Гоголь Б. И. Экономика советской торговли. М., 1971;
  • Исоматов Б., Ҳабибов С. Муносибатҳои молию пулӣ дар давраи сотсиализм — муносибати типи нав. Д., 1977;