Бойдухон (муғ. Байду?, ᠪᠠᠶᠳᠦ?, форсӣ: بایدو خان‎; асри XIII4 октябр 1295, Табрез) — шашумин элхони Эрон аз сулолаи Ҳулогуиҳо.

Бойдухон
1295 — 1295
Пешгузашта Gaykhatu[d]
Ҷонишин Ghazan[d]
Таваллуд асри XIII
Даргузашт 4 октябр 1295(1295-10-04)
Дудмон Q12839171?
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Писари Тарағай ва набераи Ҳулогу. Баъд аз кушта шудани Гайхотухон (24 марти 1295) бо ёрии Тағоҷор ба тахти подшоҳӣ нишаст. Аммо шоҳзода Ғозон ба хотири интиқоми хуни амакаш Гайхотухон бо ёрии амири Наврӯз аз Хуросон бар зидди Бойдухон бархост. Ҷанг бо сулҳ анҷомида, Бойдухон илова бар Хуросон, мулкҳои Форс ва Ироқро ба Ғозонхон бахшид. Бойдухон дар давраи ҳукмронии худ кӯшиш намуд, ки «Ёсо»-и Чингизхонро аз нав эҳё кунад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои масеҳӣ ва мусулмонӣ Бойдухон ба масеҳиён таваҷҷуҳ дошта, бо мусулмонон чандон муносибати нек надошт. Бойдухон ҳатто вазири бузург ва соҳибдевони мамлакат Садри Ҷаҳон (Хоҷа Садриддин Аҳмади Занҷонӣ)-ро аз вазифа сабукдӯш намуд. Дар лашкаркашии навбатии Ғозонхон ҷонибдорони Садри Ҷаҳон бо Тағоҷор бар зидди Бойдухон баромаданд ва Бойдухон танҳо монда фирор кард. Баъдан Бойдухон дар наздикии Нахҷувон дастгир шуда, аз ҷониби Ғозонхон (4 октябри 1295) ба қатл расонда шуд.

Адабиёт

вироиш