Бойкутт
Бойкутт, бойкот (англ. boycott) — як шакли муборизаи сиёсӣ ва иқтисодӣ буда қатъкунии пурра ё қисман муносибатҳо бо як шахс, ташкилот, корхонаеро дар бар мегирад, масалан, рад кардани кор, хариди маҳсулоти ин корхона ва ғайра — ҳама гуна қатъ кардани муносибат бо касе ва ба чизе эътироз кардан мебошад.
Унвони истилоҳи мазкур аз номи раиси умури роҳбарии коргарони англис — Чарлз Бойкот гирифта шудааст, ки соли 1880 нисбат ба ӯ аз тарафи иҷорагирони ирландӣ бойкутт эълон карда шуда буд. Дар муносибатҳои байналмилалӣ, мувофиқи Ойинномаи СММ, яке аз тадобирест, ки бидуни истифодаи қувваҳои мусаллаҳ ба ҷиҳати нигоҳдории сулҳ истифода мешавад. Барои ин давлати бойкоткунанда бо дигар давлат (ё давлатҳо) ҳама гуна муносибатро қатъ мекунад. Дар амалияи муносибатҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ бойкутт метавонад бойкутти интихобот ё бойкутти бозиҳои олимпӣ ва ғ. бошад. Ин бойкутт дар даст кашидан аз овоздиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи интихобкунандагон ифода меёбад. Одатан он намоишкорона ва оммавӣ сурат мегирад. Сабабҳои бойкутт нобоварӣ нисбат ба низоми интихоботӣ, эътироз ба истифодаи қувваҳои пурзӯри маъмурӣ ҳангоми интихобот, сохтакории саросарӣ ва ғ. мебошанд. Ангезаи иштирок накардан дар интихобот он аст, ки ба интихоботи сунъӣ мақоми расмӣ дода нашавад. бойкутти интихобот ё раъйпурсӣ дар сурате натиҷа дода метавонад, ки агар шумораи ҳадди аксари интихобкунандагон дар овоздиҳӣ ширкат накунанд, дар акси ҳол бойкот ҳамчун амали сиёсии бидуни натиҷаи ҳуқуқӣ боқӣ мемонад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бойкутт / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.