Бойназар Бойназаров
Бойназар Имомёрбекович Бойназаров (1940, н. Ишкошими ВМКБ) — омӯзгор, санъатшинос, номзади илми таърих (2003). Соли 1961 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Баъди хатми омўзишгоҳ дар ноҳияҳои Ашт ва Вахш ба ҳайси омӯзгори санъати тасвирӣ кор карда, соли 1969 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шаҳри Душанберо соли 1977 хатм намудааст. Дар макотиби ҷумҳурӣ аз таърихи санъат дарс дода, дар Институти такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон корҳои таҳкиқотӣ анҷом додааст. Баъдан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ассистент кор карда, солҳои 1999 - 2003 дар коллеҷи техникӣ, аз соли 2004 то 2015 муаллими калони кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ буд. Аз соли 2015 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дубора ба кор омада, дар факултаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба сифати дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ кор мекунад. Рисолаи номзадиро доир ба “Таърихи ташаккулу инкишофи санъати тасвирии Тоҷикистон” дифоъ намудааст. Муаллифи як идда мақола, дастуру китобҳои дарсӣ перомуни таърихи санъати тасвирии тоҷик дар солҳои шӯравӣ, санъати ороишӣ-бадеӣ аст.[1]
Бойназар Имомёрбекович Бойназаров | |
Таърихи таваллуд | 11 январ 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ишкошим |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | санъатшиносӣ, таърих |
Ҷойҳои кор | Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Осор
вироиш- Санъат ва меҳнат. (Китоби дарсӣ барои синфи 2), Красноярск, 2001;
- Санъати тасвирӣ (Китоби дарсї барои синфи 5), Д., 2003;
- Санъати тасвирӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 7), Д., 2005;
- Омӯзиши аслии тасвирҳо (Васоити методӣ), Д., 2006.
- История становления и развития изобразительного искусства Таджикистана, - Д., 2006.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). — Душанбе, 2015. — 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8