Бойҷуворӣ
Бойҷуворӣ, бойдарвеш — навъи ҷувории сафед.
Асосан барои дону силос кишт мекунанд. Донаш сафед (вазни 1000-тоаш 38-45 г). Баъди 130—135 рӯзи кишт мепазад. Барои силос баъди 115—120 рӯз медараванд. Дар 2 дарав аз ҳар га то 1000 сентнер баргу пояи силосбоб ва 60-65 сентнер дон гирифтан мумкин аст. Бойҷувориро асосан дар вилояҳои Суғду Хатлон (водии Вахш) ва вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Сурхондарё ва Қашқадарёи Узбакистон кишт мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бойҷуворӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.