Болид (фр. bolide, аз юн. bolis) — найзаи партофташуда), 1) шиҳоб (метеор)-и дурахшониаш на камтар аз 4m (аз Зуҳра равшантар), ки андозаҳои кунҷии намоён дорад. Муниртарин Болид рӯзона ҳам намудор мешавад; шабона ҷилд ва думи онро низ дидан мумкин аст. Болид пайе мегузорад, ки аз гази иондор ва чанг иборат аст. Ҳангоми парвози болид баъзан садои махсус шунида мешавад ва радиоалоқа қатъ мегардад. Шиҳобҳо пеш аз ба Замин афтидан чун болид намоён ҳастанд. Баъзе болидҳо пурра насӯхта, дар шакли шиҳоб ба Замин меафтанд. 19 марти 1718 Г. Галилей парвози болиди ниҳоят бузургеро мушоҳида кардааст, ки «...чун Офтоб равшан буд». Яке аз болидҳои калонтарин «Бенешов» мебошад, ки дурахши он 21m бузургии ситоравӣ аст (барои муқоиса дурахши Моҳ – 13m, Офтоб – 26m). Аз рӯйи нақли шоҳидони афтиши шиҳоби Сихотэ-Алин (12 февр. 1947) он аз Офтоб равшантар буда, (дар рӯзи равшан) чашмро кӯр ва соя пайдо мекард. Барои мушоҳидаи юолидҳо дар ИМА, Канада ва Аврупо шабакаҳои махсус таъсис дода шуда буданд, лекин кори онҳо пурмаҳсул нашуд. Аз ин рӯ, ҳоло болидҳоро аз мушакҳои кайҳонӣ мушоҳида менамоянд. 2) Намуди автомобилҳои пойгавии чархкушоди тез-суръат (то 335 км/соат), ки дар муқоиса бо Болид номи рамзии худро соҳиб шудаанд. Ҳар сол байни онҳо чемпионати ҷаҳон – «Формула-1» аз рӯйи пойгаи ҳалқавӣ гузаронда мешавад. Он аз марҳалаҳои алоҳида (гран-при) иборат буда, дар шаҳру мамлакатҳои гуногун мегузарад. Дар «Формула-1» сарнишинҳо байни худ барои унвони «Чемпиони ҷаҳон» ва дастаҳо барои «Ҷоми конструкторҳо» мубориза мебаранд.

Болид

Адабиёт

вироиш

Болид // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — С. 57-58. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.