Болор — ҷузъи меъморӣ, ки барои пӯшидани биноҳои иқоматӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ ва дар сохтмони пулҳо (кӯпрукҳо) истифода мешавад.

Андоза, шакл ва иқтидори болор вобаста ба ҷой ва мавқеи истифодаи он муайян мегардад. Аслан дар меъмории биноҳо болорҳои чӯбӣ кор меоянд, ки се навъанд: лӯлаболор, чорлабболор (болори чоррах ё чортарош), болори пушти моҳӣ. Лӯлаболор навъи болорест, ки рӯйи лӯлачӯбро бо ранда ё досранда сафеду суфта намуда, фақат пушти он каме бо теша барои ҷафстар ва мустаҳкамтар ҷой гирифтани вассаҳо ҳамвор карда мешавад. Болори пушти моҳӣ аз ҷуфти болорҳое, ки байзашакл тарошида шудаанд, иборат буда, ба пушти моҳӣ шабоҳат дорад ва дар шакли пулакчаҳо кандакорӣ мешавад. Чунин навъи болорҳоро бештар шогирдони мактаби меъморию наҷҷории Самарқанду Бухоро истифода кардаанд. Дар Осиёи Миёна аз қадим бештар чорлабболору лӯлаболор маъмул буданд. Бозёфтҳои ҳафриёти бостоншиносии Панҷакенту Шаҳристон (асрҳои 5-8) ба ин гувоҳанд. Ин ду шакли болор ҳамчунин дар бунёди масҷиду мадрасаҳои асрҳои минбаъда то ибтидои асри 20 истифода мешуданд. Ҳоло низ наҷҷорони маҳаллӣ аз чунин болорҳо ва болори пушти моҳӣ дар сохтмони хонаҳои иқоматии деҳот ва чойхонаҳои Тоҷикистон истифода мебаранд. Пештар устоҳои наҷҷор андозаи хонаҳои иқоматиро аз рӯйи шумораи болор муайян мекарданд; «хонаи ҳафтболор», «хонаи нуҳболор» ва ғ. Мувофиқи анъанаҳои қадимии мардуми Осиёи Марказӣ рӯй ва баъзан ду паҳлуи болор кандакорӣ (аксар ба услуби мадохил) мешуданд. Наққошон низ болорҳоро бо нақшҳои зебо (бештар исломӣ) зинат медоданд, мас., масҷиди деҳаи Дарғ (охири асри 19) ва ғ. Дар баъзе маҳалҳо дар рӯйи болорҳо сана, номи наҷҷор ё наққош ба хатти арабӣ ва дигар нақшҳои рамзӣ акс меёфтанд (масҷидҳои Иброҳимбийи Ховалинг, деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, деҳаи Чиртаки ноҳияи Турсунзода ва ғ.). Дар меъмории касбии имрӯза болорҳои оҳанӣ ва оҳанубетонӣ маъмуланд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш