Болтаниёз ибни Қурбонниёзи Надимӣ (форсӣ: بالته‌نیاز ندیمی‎; аввали асри 20) — хаттоти тоҷик.

Болтаниёзи Надимӣ

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Хоразм. Асарҳои «Аҷоибу-л-қисас» (китобаташ 1904, таҳти рақами 879), «Баёз» (китобаташ 1905, 1908, 1909, таҳти рақамҳои 7054, 7009, 6939), «Девони Шиносӣ» (китобаташ 1907, таҳти рақами 911), «Девони Надимӣ» (китобаташ 908, таҳти рақами 902), «Девони Ҳақирӣ» (китобаш 1908, таҳти рақами 1145), «Девони Табибӣ» (китобаташ солҳои 1909, 1910, таҳти рақамҳои 927, 257), «Вомиқ ва Азро» (китобаташ 1910, таҳти рақами 2057)-ро хаттотӣ кардааст. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии АИ Ӯзбекистон маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш