Бомғӯра — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат. Аз Бомғӯра то маркази шаҳр 16 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 2240 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Бомғӯра
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Чӯянгарон
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2240 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3136

Иқтисод

вироиш

Деҳа нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Бомғӯра мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Амоншайхӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.

Таърих

вироиш

Бомғӯра аз солҳои 1916 бо номи Охкаппа (иборат аз мавзеъҳои Коргарони Сурх, Меҳнатобод ва Сулҳ) вуҷуд дошта, мактаби ибтидоӣ ва 7-сола, хоҷагиҳои ба номи «Чақирбой», «Маҳмараҷаббой», «Самандар» ва «Саид» будааст. Аз сабаби дар мавзеи дурдаст ҷойгир будани деҳа соли 1949 Раҳимов Нарзулло ном шахс бо супориши ҳукумати онвақта аҳолии деҳаи Охкаппаро ба мавзеи сари роҳ кӯчондааст ва он Бомғӯра ном гирифта, дар ҳайати колхози «50-солагии Комсомол» (минбаъд колхози Ҷавонӣ) қарор доштааст. Айни замон дар ҳудуди Бомғӯра кооперативи истеҳсолии «Шоразми Боло» ва 22 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд аст.

Адабиёт

вироиш