Бонитировка
Бонитировка (аз лот. bonitas — хушсифатӣ) — баҳодиҳии қиёсию сифатӣ ба хок чун воситаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ. Б. бо нишондодҳои миқдорӣ ифода ёфта, асоси онро хосияти хок ва дараҷаи ҳосилхезӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми Б. хосияти хок (ғафсии қабати гумус, ғурӯшанокӣ, порухок, моддаҳои ғизоӣ, карбонатҳо, реаксияи муҳит, хосиятҳои физикӣ, шӯрӣ, намнокӣ), ки ба ҳосилнокии рустанӣ мувофиқат мекунад, ба ҳисоб гирифта мешавад. Б.-ро ба умумӣ, миёна (барои рустаниҳои асосии ноҳияи мазкур) ва ҷузъӣ (барои баъзе рустаниҳо ё гурӯҳи онҳо) ҷудо мекунанд. Ҷадвали Б.-и хок дар пажӯҳишгоҳҳо барои ҳар кадом ноҳия тартиб дода мешавад. Б.-и хок бояд миқдору сифати ҳосилро ифода намояд. Б.-и хокро муассисаҳои лоиҳакашӣ дар асоси маълумоти суратгирӣ ва навъи дарахтони мева, синну сол, зичӣ ё сиракии онҳо амалӣ месозанд. Ҳамаи навъҳои хоке, ки дар қитъаи боғ ё киштзор мавҷуд аст, Б. карда мешаванд. Ҳангоми Б. аз рӯйи тақсимот (токзор, боғ, қитъа, қарта) балли миёнаро муайян мекунанд. Сипас дар асоси ҳисоби ҳар кадом хоҷагӣ харитаи Б.-и хок тартиб дода мешавад. Дар он ҳудуди боғ, қитъа ва қарта акс меёбад.
Бонитировка, баҳодиҳӣ ба ҳайвонот аз рӯйи зот, ҳосил, насловарӣ ва сифати насл. Б. ҳамчун чорабинии ҳатмии зоотехникӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 40 асри 20 оғоз ёфта, онро дар ҳамаи хоҷагиҳо, фермаҳои зотпарварию молӣ ба роҳ мемонанд. Б.-и ҳайвонотро зоотехник бо иштироки байтор ё фелдшер, мудири ферма, бригадирон ва дигар кормандони фермаҳои чорводорӣ ба иҷро мерасонад. Чорвои калонро аз рӯйи пайдоиши зот, вазни зинда, ҳосил, қобилияти таҷдид, сифати зот, ҷавонаҳоро аз рӯйи пайдоиши зот ва вазни зинда Б. мекунанд. Дар хоҷагиҳо гов, барзагов ва ҷавонаро аз 6-моҳагӣ, модахук, нархук ва ҷавонаҳои эҳтиётиро аз 2-моҳагӣ, мешу тагал ва барраи маҳинпашмро аз 1-солагӣ, барраи зоти қарокӯлиро аз 1 то 3-рӯзагӣ, аспро аз 2-солагӣ, парандаро аз 1-солагӣ, чӯҷа ва мурғи марҷонро аз 2 ва мурғобию ғозро аз 3-моҳагӣ Б. мекунанд. Б.-и чорвои калон ва моли майдаро, одатан, баҳорон (май) ва аввали тирамоҳ (август-сентябр) ба роҳ мемонанд. Баҳодиҳӣ ба ҷинсу зоти ҳайвонот барои муқаррар намудани зот, хусусият ва сифатҳои ирсии чорво имкон медиҳад. Ба чорвои калон аз рӯйи ҷадвали 100- баллӣ, ҷавонаҳо аз рӯйи ҷадвали 5-баллӣ баҳо гузошта мешавад. Бо мақсади баҳо гузоштан ба вазни зиндаи чорвои калон ва моли майда онҳоро бар мекашанд ё қадашонро чену вазнашонро муайян мекунанд. Чорвои вазнаш зиёд пурхӯр, фарбеҳ ва сермаҳсул мешавад. Ба ҳосили говҳои зоти ширдеҳ ва гӯшту ширдеҳ аз рӯйи дӯшиши шир дар тӯли 300 рӯзи ширдиҳӣ, миқдори равған ва сафедаи шир баҳо мегузоранд. Ба зоти говҳое, ки бештар шир медиҳанд ва миқдори равғану сафедаи шири онҳо бисёртар аст, баҳои аз ҳама баланд гузошта мешавад. Ба маҳсули шири говҳои зотии сергӯшт дар асоси вазни зиндаи ҷавонаҳои 6-моҳа баҳо медиҳанд. Маҳсули гӯсфандони зоти маҳинпашму ниммаҳинпашм аз рӯйи миқдору сифати пашм ва равғаннокии он, маҳсули гӯсфандони зоти қарокӯлӣ аз рӯйи сифати пӯсти барраҳои навзод ва рангу тобиши он баҳогузорӣ мешавад. Ба гӯсфандони зоти гӯшту пашмдеҳ ва гӯшту равғандеҳ аз рӯйи сифати гӯшту пашм ва дунбаи онҳо баҳо мегузоранд. Коршоямии аспҳо аз рӯйи гашт (аспҳои саворӣ ва резачорпо) ва суръати дави онҳо ба масофаи муайян арзёбӣ мешавад; аспҳои зоти боркашро аз рӯйи вазни бор ва суръати ҳаракат муайян мекунанд. Ҳангоми баҳогузорӣ ба мурғони гӯшту тухмдеҳ серпуштӣ ва вазни тухмро ба эътибор мегиранд. Ба сертухмии мурғон аз рӯйи миқдори умумии тухми солҳои 1, 2 ва 3, ба мурғобӣ, қоз ва мурғи марҷон аз рӯйи миқдори умумии тухми яксола баҳо мегузоранд. Барои муайян кардани вазни миёнаи тухм 10 дона тухми мурғи яксола ва 10 дона тухми мурғи 2-3-сола (тухмҳое, ки моҳи март зоида шудаанд)-ро бармекашанд. Қобилияти таҷдиди чорворо дар асоси маълумоти баҳисобгирии зоотехникӣ ва ветеринарӣ (саршумори говҳои қисир) муайян мекунанд. Қобилияти наслдиҳии буққаро аз рӯйи миқдори нутфа ва сифати он аниқ менамоянд. Ба сифатҳои ирсии чорво аз рӯйи нишонаҳои насли он баҳо гузошта мешавад. Маълумоти ҳайвонеро, ки Б. шудааст, ба ведомост дохил мекунанд. Натиҷаи Б.-и ҳайвонот дар санади махсус дарҷ ва бо маводди солҳои пешина муқоиса карда мешавад. Дар асоси Б. доир ба афзун гардидани маҳсул ва беҳтар намудани зоти ҳайвонот, таҷдиди гала, рама ва подаи зотӣ, хариду фурӯши чорво, ҷуфтикунонӣ, ҳифзи чорво аз касалиҳо ва ғ. тадбирҳо меандешанд, барои ба Китоби давлатии ҳайвоноти зотӣ дохил намудани беҳтарин намунаҳои ҳайвонот ҳуҷҷат тартиб медиҳанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бонитировка / С. Сангинов, Ф. Икромов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Борисенко Е. Я. Разведение сельскохозяйственных животных. М., 1967;
- Гаврилюк Ф. Н. Бонитировка почв, М., 1970;
- Бонитировка почв Таджикистана. Д., 1974;
- Афанасьев В. А., Романов Е. С., Никишов А. А. Методические рекомендации к практическим занятиям по бонитировке крупного рогатого скота. М., 2000.